Осорхонаи Хуҷанд аз мардум сиккаву офтобаи қадимӣ харид. ВИДЕО

Осорхонаи шаҳри Хуҷанд дар аҳди коронавируси нав тамошобинонашро аз даст дод, аммо дар ин давра тавонист шумораи нигораҳои худро 220 адад зиёд кунад. Мутриба Мамадҷонова, як масъули осорхонаи таърихиву кишваршиносии Хуҷанд, мегӯяд, баъзе аз ин ашёро аз мардум хариданд. 

“Дар байни 16 чизе, ки аз шаҳрвандони Суғд харида шуд, сиккаҳои мутааллиқ ба давраи Сомониён, ҷавоҳирот, матои чит аз асри 18, табақҳо, офтоба ва дастшӯйи мисини мунаққаш арзиши баланд доранд”, — шарҳ дод ӯ. 

Осорхона ин ашёро аз дасти сокинон ба тақрибан 10 ҳазор сомонӣ харидааст. Ин маблағ аз буҷа ҷудо шудааст.

Бахше аз ашёи қадимиро ҳангоми ҳафриёти қисмати мирнишини Қалъаи Хуҷанд аз зери хок берун овардаанд.

Мутриба Мамадҷонова гуфт: “Яке аз бозёфтҳо пораҳои лӯлаи обгузар аст. Сафолин. Аз асри 18 аст. Бубинед, чӣ гуна бо маҳорат сохтаанд. Ҷойи васли онҳо ва чӣ гуна об аз қубури тақсим мешавад. Бо гузашти чандин аср зери хок вайрон нашудааст.”

Бархе аз осори арзишманд, аз ҷумла – китобҳоро сокинон ба осорхона ҳадя кардаанд.

Иззатбек Шейхимов, корманди “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” гуфт, “яке аз китобҳо девони Ҳофиз аст, ки мутааллиқ ба асри 18 буда бо хатти настаълиқ навиштаанд. Комил аст. Ба мо садҳо китоби қадимӣ пешниҳод мекунанд. Бештар ашъори Ҳофизу Бедилу “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттор. Инҳо аз китобҳои дӯстдоштаи мардуми Хуҷанд будааст.”

Нигораҳои нав баъд аз ташхиси ниҳоии донишмандон дар гӯшаи наве дар осорхона ба тамошо гузошта хоҳанд шуд. Ба умеде, ки ҷаҳон ба бемории COVID-19 пирӯз мешавад ва дӯстдорони осори қадимӣ ба осорхона бармегарданд.

Осорхонаи таърихиву кишваршиносии Хуҷанд дар давраи карантини нарм баста набуд, вале маҳдудиятҳо ва хонанишинии сокинон шумораи бинандаҳояшро хеле кам кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.