Отамбоев аз зиндон сабабҳои озод шудани ҷинояткори бонуфузро шарҳ дод

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳукми зиндонаш, ки дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Азиз Ботукаев эълом шудааст, изҳоротеро нашр кард.

Дар ин изҳорот, ки онро вакили дифои президенти пешин Замир Ҷоошев расонаӣ кард, аз ҷумла омадааст, ки ҳадафи озод кардани Ботукаев қасди истирдоди Ҷениш Боқиев (бародари президенти пешин ва фирории Қирғизистон Қурмонбек Боқиев) ба ватан буд ва на дар маводи парванда ва на дар баёноти шоҳидон дар бораи фасодкорӣ ё ҷиноятҳои дигар чизе гуфта нашудааст.

“Асли масъала ин аст, ки ман барои ҷонибдории амалиёти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон барои истирдод ва муҷозоти ҷинояткор 11 сол зиндонӣ шудам. Режими Сооронбой Ҷеенбеков бо ҳукм дар доираи парвандаи ҷиноии мазкур ба Ҷениш Боқиев ва шариконаш дахлнопазирӣ дод”, – афзудааст Отамбоев.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Ботукаев 19 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. 14 тани онҳо ба ҳамкорӣ бо муфаттишон розӣ шудаанд.

Азиз Ботукаев як марди чечентабори шаҳрванди Қирғизистон соли 1966 дар шаҳри Токмаки вилояти Чуй таваллуд шудааст. Исми ӯ дар фазои ҷиноӣ бори аввал солҳои 1990-ум садо дод. Соли 2006 ӯро ба 16 солу 8 моҳ бо мусодираи молумулк маҳкум карданд. Ӯ дар куштор, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳияи силоҳ ва ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ гунаҳгор шуд. Мӯҳлати зиндонаш бояд соли 2021 хотима меёфт.

Соли 2013 ӯ пеш аз мӯҳлат аз зиндоне дар Норин озод гардид. Сабаби раҳоии пеш аз мӯҳлаташ “бемории табобтанашаванда” навишта шуд ва ӯро дар иҳотаи афроди махсус ба Бишкек интиқол доданду аз он ҷо ҳамон замон ба шаҳри Грознии Чеченистон парвоз кард. Соли 2019 вазорати умури дохилӣ таҳқиқи парвандаро аз сар гирифт ва октябри порсол онро ба додгоҳ фиристод.

Ҷудо аз ин парванда Алмосбек Отамбоев ва беш аз даҳ тарафдори ӯ аз рӯи ҳодисаҳои Койташ ба куштор, сӯиқасд ба куштор, гаравгонгирӣ, бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва дигар иттиҳомот гунаҳгор мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.