Оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон як рӯз ҳам идома накард

Арманистон ва Озарбойҷон дубора ҳамдигарро дар шикасти созиши оташбас дар минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор карданд, ки бо миёнаравии ИМА ба даст омада буд. Раисиҷумҳури Арманистон Никол Пашинян рӯзи 27 октябр дар Твиттер навишт: “Мехостам изҳор намоям, ки талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ин дафъа бо миёнаравии Иёлоти Муттаҳида ба эълони оташбас расида буданд, ноком шуданд. Дар натиҷаи гулӯлаборони пайваста аз тарафи Озарбойҷон дар Артсах (номи армании Қарабоғи Кӯҳӣ) ғайринизомиён кушта ва маҷрӯҳ шуданд”. Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 27 октябр эълом дошт, ки Арманистон натавонист шароити оташбаси башардӯстонаро риоя кунад. “Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар давоми рӯзи 26 октябр ва шаби ба 27 октябр мавқеъҳои артиши Озарбойҷонро дар самтҳои гуногун дар ҷабҳа ва нуқтаҳои аҳолинишини наздики он аз силоҳҳои гуногун ҳадаф қарор доданд. Ҷангҳо асосан дар самтҳои хатти ҷабҳа дар Хоҷавенд, Физулӣ ва Губадлӣ идома доштанд,” омадааст дар паёми вазорати дифои Озарбойҷон ва изофа шудааст, ки нерӯҳои Озарбойҷон ба ҳамлаҳо посух додаанд.

Оташбас расман аз нимишабии 25 ба 26 октябр сар шуда буд.

Даргириҳо дар Қарабоғи Куҳӣ аз 27 сентябр шуруъ шуда, дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.