Оташфишонии вулқоне дар Испания боиси берун рафтани сокинони чор деҳа шуд

Дар ҷазираи Канарии Испания баъди оташ гирифтани вулқоне дар Ла Палма сокинони чор деҳаи атрофро аз наздикиҳои он берун бурданд. Вулқон рӯзи 19-уми сентябр ногаҳон бедор шуд ва мавҷи оташу дуд ба осмон ва аз он ҷо ба самти деҳаҳои атроф паҳн гардид.  Мақомот дар навбати аввал гурӯҳи осебпазир ва ҷонварони фермаҳои маҳаллиро аз деҳоти атрофи вулқон наҷот доданд.

Ҷазираҳои Канари  дар 100-километрии соҳилҳои ғарбии қораи Африқо ҷойгир буда, макони вулқони Ла Палма дар канортарин ҷазираи шимолуғарб ҷойгир аст. Сабтҳои видеоии шабонгоҳ сабтшуда  нишон медиҳад, ки мавҷи гарми алангаи оташ нахуст ба баландии зиёд мепарад ва баъд ба замин афтода ба поён мерезад.

Нахуствазири Испаня Педро Санчез чанд соат баъди шурӯи оташфишонии вулқон ба Ла Палма парвоз карда бо мақомоти маҳаллӣ ҳамсӯҳбат шуд.

Канари як макони бисёр маъруфи истироҳатӣ мебошад ва ба иттилои хабаргузориҳо, фурудгоҳи ҷазира ба таври маъмулӣ кор мекунад ва ҳеҷ парвозе бекор нашудааст. Ба иттилои президенти ҷазираҳои Канари, то шоми якшанбе 5 ҳазор сокини деҳоти атрофи вулқон берун бурда шуданд. Виктор Торрес гуфт, ки оташи вулқон ба самти ҷазира ҳаракат карда, ҳар чизи пахшкардаашро нобуд мекунад. Ҳафтаи гузашта макони Кумбре Вйехаи Ла Палма шоҳиди   як силсила тапишҳои замин шуд ва мақомоту сокинони маҳаллиро дар ҳолати омодабош қарор дод. Бори охир соли 1971 баъди айни чунин ҳолат Ла Палма шоҳиди оташфишонии вулқон шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.