Оё Билл Гейтс воқеъан мехоҳад одамонро бо баҳонаи эмкунӣ микрочип занад?

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Оё боре шунидаед ё хондаед, ки миллиарддор Билл Гейтс мехоҳад ҳамаи одамонро бо баҳонаи эмкунӣ ё воксинзанӣ микрочип занад? Пас дар як тадқиқоти расонаӣ бихонед, ки ин назарияи тавтиа чӣ гуна ба вуҷуд омадааст.
  • Дарҳол пас аз сар задани пандемияи коронавирус, соҳибкори машҳур  Билл Гейтс босуръат масонҳо, иллюминатҳо ва Ҷорҷ Соросро ҳамчун қаҳрамони манфии назарияҳои тавтеа  танг кард. Ин тасодуфӣ набуд: роҳбари собиқи Майкрософт дар қиссаҳои “ақимсозии  маҷбурӣ”, “наслкушии оммавӣ тавассути воксинҳо” ва дигар ҳикояҳои шабеҳ аз аввали солҳои 2010 инҷониб  маъруф шудааст.
  • Нашрияи BuzzFeed таҳқиқ кардааст, ки чӣ гуна аз шарҳҳо дар YouTube ин назарияҳо офлайн шуданду сипас ба муҳити сиёсии ҷаҳонӣ ворид гаштанд ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ин назария тариқи онҳо  паҳн мешаванд, зидди ин хабарҳои ҷаълӣ коре карда наметавонистанд. Мо дар такя ба ин тадқиқот, ки дар расонаҳои гуногун қисман ё пурра нашр шуд, мухтасари ин достонро барои шумо ҳикоя мекунем.
  • 14 майи соли 2020, сиёсатмадори итолиёвӣ Сара Куниал дар Фейсбук видеое паҳн кард, ки дар он директори собиқи Microsoft Билл Гейтсро ҷинояткор номида, талаб кард, ки вай барои ҷиноятҳои зидди башарият муҳокимаи шавад. Ин матни суханронии Куниал дар Парлумони Итолиё мавҷуд  аст, зеро  ӯ яке аз ноҳияҳои шимолиро дар парлумон намояндагӣ мекунад.
  • Гейтс, мегӯяд Куниал, бар зидди COVID-19 воксин тайёр карда истодааст, то ки “қудрати мутлақ бар тамоми башариятро ба даст орад, мардумро ба харгӯшҳои лоғар  ва ғуломон табдил диҳад, истиқлолият ва иродаи онҳоро ба сирқат бубарад”.
  • Сарфи назар аз он, ки Facebook чунин видеоҳоро, ки дорои “маълумоти дурӯғин” аст, маркер мезанад, танҳо дар саҳифаи худи Куниал он беш аз як миллион маротиба дида шудааст – ба ғайр аз даҳҳо ҳазор нашр ва боргирӣ дар дигар саҳифаҳо ва каналҳои YouTube.
  • Не, Билл Гейтс алайҳи COVID-19 воксин омода намекунад, то наслкушии башариятро ба роҳ монад – аммо на танҳо Сара Куниал хилофи инро бовар дорад. Бар зидди ӯ як маъракаи бузурги байналмилалии зиддииттилоотӣ оғоз ёфт, ки тарафдорони назарияҳои гуногуни дасисаро муттаҳид кард: аз зиддивоксинзаниҳо ва QAnon гирифта, то назарияҳои нисбатан нав, ба монанди онҳое, ки бовар доранд технологияи 5G коронавирусро ба вуҷуд меорад ва нури офтоб, баръакс, барои табобати он кӯмак мекунад. Мутаассифона, инҳо танҳо баъзе афсонаҳои фиребдиҳанда нестанд: Назарсанҷиҳои ахир нишон доданд, ки 44% овоздиҳандагони ҷумҳурихоҳи ИМА бовар доранд, ки Билл Гейтс ваксинаи COVID-19-ро ҳамчун баҳона барои микрочип кардани одамон ва ба ин васила назорат кардани онҳо истифода мебарад.
  • Эҳтимоли ҳабси Билл Гейтс аз ҷониби мақомоти Итолиё андак аст. Аммо, ҳатто пеш аз пандемияи коронавирус, 10-22% аҳолии Аврупо ваксинаҳоро хатарнок меҳисобиданд – ва агар ҳама аз воксинаи COVID-19 даст кашанд, он метавонад хатари ҷиддӣ эҷод кунад.
  • Назарияҳои ғайрисиҳат моҳҳост, ки дар гурӯҳҳои Facebook ва шарҳҳои YouTube ба шиддат паҳн мешаванд, гарчанде ки онҳо хеле пештар пайдо шуда буданд.  Дар соли 2010, яке аз масъулони Вазорати тандурустии кишвари африқоии Гана Бунёди Билл ва Мелинда Гейтсро ба ақимсозии занони маҳаллӣ айбдор кард. Дурӯғ ошкор шуд, аммо ин амр нисбат ба кормандони созмони хайрияи Гейтс чунин мавҷи нафратро ба вуҷуд овард, ки баъзеи онҳоро маҷбур кард  фавран аз кишвар хориҷ шаванд.
  • Аз Африқо ин овозаҳо ба зудӣ ба Иёлоти Муттаҳида паҳн шуданд ва дар он ҷо онҳоро бо хушҳолӣ сиёсатмадорони ростгарои масеҳӣ ва фаъолони зидди ҳомиладорӣ ва зидди исқоти ҳамл пазируфтанд. Ва гарчанде ки ин нусхаи мушаххаси “ниятҳои маккорона”- и Билл Гейтс ҳоло чандон машҳур нест, аммо босуръат паҳн  шудааст ва боиси пайдо шудани аҳдофи ҷадид шудааст. Ва ҳамаи онҳо ба ӯ нақшаҳои қудрати комил бар инсониятро бо кӯмаки сарват, ки қаблан бо он иллюминатҳо, масонҳо ва дигар ҳокимони махфии ҷаҳонро айбдор мекарданд, ба ӯ нисбат медиҳанд.
  • Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс соли 2000 таъсис ёфтааст ва имрӯз бузургтарин созмони хайрия дар ҷаҳон аст. Дар соли 2008, Гейтс аз вазифаи Директори Майкрософт истеъфо дод, то худро ба мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини дастрасии ҳарчи бештари одамон бо тибби босифат, таҳсилот ва Интернет бахшад. Ва гарчанд назарияҳое, ки дарвоқеъ Гейтс ҳадафи нобуд кардани аҳолии ҷаҳонро дунбол мекунад, сафсатаи комил аст, аммо ӯ дарвоқеъ ба асарҳои биологи амрикоӣ Пол Эрлих алоқа дошта, дар як мактуби ширкаташ дар соли 2012 аз он ёд шудааст. Китоби   “Бомбаи аҳолӣ” -и Эрлих дар соли 1968 аз фалокати ҷаҳонӣ, ки аз сабаби зиёд шудани шумораи аҳолии сайёра рӯх медиҳад, таъкид кардааст,  аммо аксари пешгӯиҳояш амалӣ нашуданд. Инро худи Гейтс эътироф мекунад, аммо ин ба пайдоиши назарияҳои сершуморе, ки вай бо мақсади назорати аҳолии олам бо эвгеника машғул аст, монеъ нашуд.
  • Дар натиҷа, Билл Гейтс бештар ҳамчун қаҳрамони манфии асосии назарияҳои гуногуни дасисаҳо пайдо шудан гирифт. Вайро ба ихтироъи вирусҳои Эбола ва Зика ҳамчун силоҳи биологӣ муттаҳам кард буданд.
  • Ин овозаҳо ҳатто пеш аз сар задани пандемияи вируси куруно дар Фейсбук ва Ютуб фаъолона паҳн мешуданд, бинобар ин он фавран ба замини хеле ҳосилхез афтод. Аввалин назарияҳое, ки COVID-19-ро бо Билл Гейтс мепайвандад, ҳанӯз дар моҳи январи соли 2020, дар ибтидои пандемия, ҳангоми  вируси нав дар хориҷи Чин паҳн шудан, пайдо шуданд. Ташаббускорони он аъзои ҷунбиши QAnon буданд, ки боварӣ доранд, “президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳоли ҷанги махфӣ бар зидди як фитнаи ҷаҳонии шайтонпарастон аст”, ки албатта Гейтсро дар назар дорад.
  • Вируси ҷадиди куруно дар саросари ҷаҳон ҳарчи зудтар паҳн шавад, номи Гейтс дар назарияҳои тавтиа бештар  пайдо мешавад. То моҳи апрели соли 2020, ӯ ба унвони зиддиқаҳрамони асосии онҳо шинохта шуд – ва танҳо пас аз он платформаҳои бузургтарини рақамии ҷаҳон, ки ин назарияҳо паҳн шуда буданд, ба онҳо таваҷҷӯҳ карданд. То ин вақт, видеоҳо бо иттиҳоми наслкушӣ алайҳи Билл Гейтс аллакай дар YouTube ва дар гурӯҳҳои сершумори Фейсбук бо унвонҳое чун «Амалиёти муштарак алайҳи Бил Гейтс”  миллионҳо тамошобин пайдо карда буданд. Иқдоми ” Мо намегузорем, ки худро эм кунем!!!” бошад  аз садҳо ҳазор иштирокчиён иборат буд.
  • Рӯзи 10 майи соли 2020 дар Мелбурн намоиш алайҳи чораҳои маҳдудсозӣ дар робита бо коронавирус баргузор шуд, ки тақрибан сад нафар иштирокчиёни он чунин шиор медоданд: “Билл Гейтсро боздошт кунед!” Яке аз созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ маъмури як гурӯҳи маъруфи тавтиа дар Фейсбук бо 55 ҳазор нафар ширкаткунандагон аст. Чанде қабл дар саросари ҷаҳон аз Ню-Йорк ва Лондон то Олмон, ки эътирозҳои карантинӣ бо задухӯрдҳои шадид бо полис анҷом ёфтанд, Билл Гейтсро дар кӯшиши ба микрочип задани инсоният ва ташкили генотсиди ҷаҳонӣ айбдор мекарданд.
  • Ҳамин тавр, вақте ки Сара Куниал нутқи худро дар парлумони Италия ироа кард, ин кунҷковӣ набуд, балки авҷ гирифтани маъракаи умумиҷаҳонии назариётчиёни тавтиа буд. Куниал, ки фейсбукаш пур аз постҳо дар бораи хатари воксинҳо, технологияи 5G ва чипинг аст, аз сиёсатмадоре, ки чунин назар дорад, дур аст. Вай узви собиқи Ҳаракати Панҷ ситора (Movimento 5 Stelle, ё M5S), ҳизби популист мебошад, ки аксарияти ҷойҳоро дар интихоботи парлумонии 2018 дар Италия ба даст овард. Шиорҳои зидди эмкунӣ яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ин ҳизб мебошад.
  • Амалҳои маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита бо сабти суханронии Куниал, ки бо нусхаҳои зиёде дар платформаҳои онҳо паҳн карда шуданд ва инчунин вокуниши мухотабонаш ба онҳо нишондиҳандаи он аст, ки ин мушкил то чӣ андоза ҳалношуда аст.
  • Дар яке аз гурӯҳҳои машҳуртарини QAnon дар Фейсбук як корбар шикоят кард, ки маъмурони YouTube бо истинод ба қарори ростиозмоёни тарафи сеюм видеои ӯро аз нутқи Куниал хориҷ карданд. “Ин ростиозмоёнро Гейтс ва Сорос киро карданд”, – посухи дурӯғе медиҳад дигареву илова мекунад: “Пас, шумо ҳақиқатро нахоҳед донист.”
  • Ҳамин мухтасари қиссаи чипзании кулли башар, ки ҳис асоси воқеъӣ надорад, аммо дар муҳити тарсу ваҳм аз ин ё он таҳдид ба инсоният аз ҷониби гуруҳҳои хос бо аҳдофи гуногун паҳн мешавад.

The post Оё Билл Гейтс воқеъан мехоҳад одамонро бо баҳонаи эмкунӣ микрочип занад? appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.