Оё дар Амороти Муттаҳидаи Араб нӯшидани шароб ва алоқаи ҷинсии берун аз издивоҷ дигар ҷиноят нестанд?

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Нашрияи “Новая газета”-и Русия иттилоъ додааст, ки  “мақомоти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ворид намудани тағйирот ба шариати ислом ба сокинони кишвар иҷозат доданд, ки алкуҳул харида истеъмол кунанд, берун аз издивоҷ якҷоя зиндагӣ кунанд ….”.
Бо дархости корбар А.У. МедиаМаркер ин хабарро мавриди ростиозмоӣ қарор дод.
  • “Новая газета” манбаъи ин хабарро нашрияи инглисзабони тарафдори давлати АМА  The National ва Ожонсии давлатии WAW гуфтааст, ки дуруст асту ожонси WAW бо ҳам ба The National
    такя кардааст.
  • Бар асоси маълумоти ин расонаҳо, фурӯши машрубот, инчунин истеъмол ва нигаҳдории он барои ашхоси аз 21 сола боло дар ҳудуди АМА қонунӣ ба баъд ҷиноят маҳсуб намешавад.  Акнун фурӯши машрубот дар кишвар бо муҷаввазҳои вижа маҳдуд карда шудаасту зоҳиран ин тағйирот ба қонун ба ҳама, аз ҷумла пайравони Ислом барои истеъмоли обҷав ва машруботи спиртӣ ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ пешбинӣ намекунад. Қаблан ин гуна кирдор амали ҷиноӣ маҳсуб мешуд.
  • Тағйироти дигар ба мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани “зиндагии муштараки ҷуфтҳо берун аз издивоҷ” равона  шудааст. Қаблан зиндагии муштараки занону мардон бе издивоҷ дар як хона барои ҳама мамнуъ буд, вале мақомот хориҷиёнро барои ин гуна амал маъмулан ба ҷавобгарӣ намекашиданд.
  • Тибқи ин тағйирот ба баъд мурофиаи ҷудошавӣ ва раванди тақсими амвол дар парвандаҳои додгоҳии ҷуфтҳое, ки табааи хориҷӣ мебошанд,  на аз рӯи шариати Ислом, балки бар асоси меъёрҳои қонуни кишвари шаҳрвандияшон сурат мегирад.
  • Илова бар ин, худкушӣ ва иқдом ба худкушй, ки бар асоси шариат мамнӯъ аст, акнун дар ҳудуди АМА ба унвони ҷиноят талаққӣ нахоҳанд шуд.
  • Тағйироти зикршуда ба одатҳои “кушторҳои номусӣ” низ рабт дорад. Қаблан  интиқом барои ҳифзи шарафи хонавода (аксар нисбати занон) дар сурати паст задани шаъну эътибори хонавода ҷиноят маҳсуб намешуд ё дар ҳолатҳое ба гумонбаршуда дар куштор сабукиҳо пешбинӣ мекарданд,  акнун тибқи қонун барои ҳама “кушторҳои номусӣ” ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
  • Қонун акнун мардонро ба далели озор ва азияти ҷинсӣ, аз ҷумла озору азияти хиёбонӣ ва таъқиб, яъне назорати нохоста ҷазо хоҳад дод.
  • Ҳамин тариқ, иттилоъи расона дар бораи аз байн бурдани ҷазои ҷиноӣ барои хариду фурӯш ва истеъмоли алкуҳул, зиндагии муштараки ҷуфтҳои ғайримусулмон ва мусулмон бидуни никоҳ ва ҷазо барои “кушторҳои номусӣ” дар ҳудуди АМА тасдиқи худро ёфтанд.
  • Аммо ҳадс задани “Новая газета”, ки ин ислоҳотро ба одисозии равобити байни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил аз тариқи миёнҷигарии ИМА ва ҳамчунин дар остонаи намоишгоҳи ҷаҳонӣ дар Дубай, ки бубояд соли 20121 баргузор гардад, барномарезӣ шудааст, ки моҳиятан тахмину гумон мебошанд.
  • Ҳарчанд иттилоъи ин расонаҳо боэътимод ба назар мерасад, аммо то шарҳи расмии мақомоти АМА ба ин хабар нишони “Дар ҳоли дурустисанҷӣ” салоҳ дониста мешавад.

The post Оё дар Амороти Муттаҳидаи Араб нӯшидани шароб ва алоқаи ҷинсии берун аз издивоҷ дигар ҷиноят нестанд? appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.