Озарбойҷон бо як нармафзори ҷосусии Исроил ба телефони хабарнигорон ва мухолифон дастрасӣ пайдо кардааст   

OCCRP- Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта  гузоришгарони Озарбойҷонро ба ҷосусӣ зидди садҳо фаъолон ва рӯзноманигорони маҳаллӣ, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Озодӣ бо  бо истифода аз нармафзори мураккабе, ки дастрасии ҳукуматро ба телефонҳои ҳамроҳ фароҳам овардааст, айбдор кард.

OCCRP-дар дар гузорише, ки рӯзи 18-уми июл нашр кард, мегӯяд,  зоҳиран Озарбойҷон Pegasus – нармафзори ҷосусӣ дорад, ки метавонад зангҳои телефонро сабт кунад ва паёмакҳоро хонад, аксҳо ва калиджвожаҳоро (парол) дастрас кунад, маълумотҳои GPS-ро пайгирӣ намояд ва пинҳонӣ сабтҳои аудио ва видео сабт кунад. Ин нармафзор офаридаи ширкати NSO Group-и Исроил гуфта мешавад.

Гузориш дар бораи Озарбойҷон баҳше аз тадқиқоти байналмилалӣ аст, ки OCCRP ва 17 расонаҳои ҳамкораш аз ҷумла ташкилоти ғайритиҷоратии Forbidden Stories ва Amnesty International анҷом додааст. Тадқиқот ба пояи як бойгонии маълумот иборат аз 50 ҳазор рақамҳои телефон, ки зоҳиран  ҳамчун афроди мавриди таваҷҷуҳи мушктариёни ширкати Исроилӣ аз соли 2016 ба ин тараф зикр шудаанд.

Бар пойи таҳқиқи рӯйхати телефонҳо OCCRP ташхис намудааст, ки беш аз даҳ кишвар, Озарбойҷон, Баҳрайн, Венгрия, Ҳинд, Индонезия, Қазоқистон, Мексика, Марокаш, Руанда, Арабистони Саъудӣ, Того, Имороти Муттаҳидаи Араб аз муштариёни ин ширкат будаанд.

Дар асоси садҳо рақами телефони хабарнигорон, фаъолон ва намояндагони мухолифини Озарбойҷон, ки махзани маълумоти фошшуда ошкор шуд, OCCRP  хулоса кардааст, ки эҳтимол онҳо ҳадафи нармафзори ҷосусии Pegasus шудаанд. Гарчанде ки “ягон далели қатъӣ” вуҷуд надорад, ки Боку яке аз мизоҷони NSO Group аст, OCCRP гуфт, “бартарии далелҳо нишон медиҳад” Озарбойҷон аз ин нармафзори ҷосусӣ истифода кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.