Озарбойҷон гуфт, ки ҳамаи маҳбусони ҷангиро ба Арманистон дод

Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, ки ҳамаи маҳбусони ҷангиро, ки дар ҷараёни низои Қаробоғи Кӯҳӣ ба ҳабс гирифта шуданд, ба Арманистон дод. Ҷайҳун Байрамов, вазири хориҷаи Озарбойҷон дар ин бора рӯзи 15-уми март дар нишасти матбуотӣ бо вазири хориҷаи Шветсия ва раҳбари САҲА Анн Линде хабар дод. Байрамов гуфт, ки Озарбойҷон ҳанӯз дар ҷараёни низои мусаллаҳона ба додани сарбозони дастгиршудаи арманӣ шурӯъ карда буд. Ӯ таъкид кард, ки низомиёни армании баъди хатми ҷанг боздоштшуда маҳбусони ҷангӣ ҳисоб намешаванд. Ӯ гуфт, ки Озарбойҷон то ҳол аз Арманистон харитаи қитъаҳои минакоришударо дар ҳудуди Қаробоғи Кӯҳӣ дастрас накардааст. Арманистон ҳанӯз дар бораи назарҳои вазири озарбойҷонӣ хабаре пахш накардааст. Тирамоҳи порсол Озарбойҷону Арманистон давоми шаш ҳафта дар Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳам ҷангиданд ва ин низоъ бо имзои созиши сулҳ анҷомид. Бар асоси ин қарордод, ки бо миёнҷигии Русия имзо шудааст, ҷараёни оташбасро дар ин қаламрав нирӯҳои посдори сулҳи Русия назорат мекунанд.

Имзои созиши оташбас  мавриди интиқоди зиёди нахуствазири Арманистон Никол Пашинян шуд ва ҳоло мухолифону тарафдорони онҳо истеъфои ӯву ҳукуматро талаб мекунанд.  Бар асоси созиш, назорат бар Қаробоғ ва аксар манотиқи атрофи он ба Озарбойҷон гузашт. Қаробоғи Кӯҳӣ минтақаи ҷудоиталабе дар ҳудуди  Озарбойҷон мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.