Озарбойҷон гуфт, як пойгоҳи Арманистонро нобуд кардааст

Озарбойҷон тасдиқ кард, ки ба як пойгоҳи мушакандозӣ дар дохили Арманистон зарба задааст, чун ба гуфтаи Боку, аз ин пойгоҳ маҳаллаҳои аҳолинишинашро ҳадаф мегирифтанд. Баъди ду ҳафтаи муноқиша бори аввал аст, ки Озарбойҷон эътироф кард, дар дохили Арманистон ҳам зарба задааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 14-уми октябр гуфт, ки системаи баллистикии роҳбурдии Арманистонро, дар “минтақаи ишғолии Калбаҷар” нобуд кардааст ва онҷо ягон иншооти ғайринизомӣ набудааст. Як сухангуи вазорати дифои Арманистон тасдиқ кард, ки воқеан ба пойгоҳ ҳамла кардаанд, вале ба гуфтаи ӯ аз инҷо ба маҳаллаҳои аҳолинишини Озарбойҷон ҳамлае нашудааст.

Ду ҳамсокишвар дар Қафқоз даҳсолаҳо боз душманӣ доранд ва наметавонанд сарнавишти Қаробоғи куҳӣ як вилояти арманишини Озарбойҷонро ҳал кунанд. Айни замон Қаробоғи куҳӣ дар дасти ҷудоиталабони армании таҳти ҳимояти Арманистон аст. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ҷанги Арманистону Озарбойҷон мумкин аст, ба муноқишаи бузургтаре табдил ёбад, ва Русияву Туркияро ба он кашад.

Туркия дар ин ҷанг ба Озарбойҷон кумак мекунад. Русияву Туркия рӯзи 14-уми октябр дигарбора хостори музокироти чандҷонибаи байналмилалӣ барои ҳалли муноқишаи Қаробоғи кӯҳӣ шуданд, ҳарчанд Туркия талаб кард, ки “сарзаминҳои ишғолӣ” ба Озарбойҷон баргардонда шаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.