Озарбойҷон гуфт, як сарбозашро дар Қаробоғ куштанд

Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла дар Қаробоғи куҳӣ як сарбоз кушта ва яке дигар захмӣ шудааст. Ҳодиса рӯзи 27-уми декабр рух додааст. Вазорати дифо рӯзи 28-уми декабр гуфт, шаш узви “як гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳи арманиҳо” ба воҳиди низомие дар рустои Ағдам дар ноҳияи Хоҷавенд ҳамла карданд ва ҳамаашон кушта шуданд.

Вазорат гуфт, дар сурати такрори чунин ҳамла, “чораҳои қатъӣ” меандешад. Мақомоти Арманистон ва раҳбарони ҷудоиталаби Вилояти Қаробоғи Куҳӣ то кунун баёнияи вазорати дифои Озарбойҷонро шарҳ надодаанд. Ноҳияи Хоҷавенд, ки тақрибан 30 сол зери назорати арманиҳо буд, бар асоси созиши оташбаси моҳи ноябр ба дасти Озарбойҷон гузашт.

Созиши мазкур бо миёнҷигарии Русия ва баъди 6 ҳафта ҷанг байни Озарбойҷону Арманистон ҳосил шуд. Бар асоси ин санад, назорати қисме аз Қаробоғи куҳӣ ва тамоми 7 ноҳияи атрофи он ба дасти Озарбойҷон гузашт. Қаробоғи куҳӣ, як вилояти арманинишини Озарбойҷон аст, вале баъди ҷанги солҳои 90-ум худро худро мустақил эълон кардааст, ҳарчанд касе онро ба расмият намешиносад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.