Озарбойҷон сафари вазири арманиро “иғвобарангезӣ” номид

Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон бо эътироз ба сафари Оро Айвазиён, нахуствазири Арманистон ба вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи куҳӣ онро як иғво ва “талоше барои барангехтани таниш” номид. Авазиён рӯзи 5-уми январ ба ин вилоят рафт ва бо ҳукумати ҷудоиталаби он Давид Бобоён мулоқоте анҷом дода, барномаи машваратҳои дутарафаро имзо кард.

Лайло Абдуллоева, сухангӯи вазорати умури хориҷии Озарбойҷон, бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, сафари “ғайриқонунӣ” ба Қаробоғи куҳӣ мухолиф ба созиши сулҳ байни Озарбойҷону Арманистон ва Русия аст, ки ба ҷанги 44-рӯзаи байни Боку ва Ереван барои он вилояти ҷудоиталаб поён дод.

Ӯ гуфт: “Иҷро накардани уҳдадориҳо аз тарафи мақоми Ереван, иғво аст ва ин корҳое, ки барои мардуми Арманистон нигаронида шудааст, ба муътадил шудани вазъ дар минтақа мусоидат намекунад.” Ӯ афзуд, ки Арманистон бояд тағйири вазъро дар минтақаро ҳамчун воқеият бипазирад.

Созиши оташбас, ки ба ҷангҳои сахт миёни неруҳои Озарбойҷону Арманистон поён дод, ки рӯзи 27-уми сентябр оғоз ёфт ва дар натиҷаи он ҳазорон нафар кушта шуданд. Бар асоси ин созиш, Арманистон назорати қисме аз қаламравҳои Қаробоғи куҳӣ ва 7 ноҳияи атрофи онро аз даст дод.

Ин минтақаҳо аз соли 1990 таҳти назорати неруҳои Қаробоғи куҳӣ буданд, ки аз тарафи Арманистон ҳимоят мешаванд. Қаробоғи куҳӣ, ки як вилояти Озарбойҷон аст, баъди ҷанг дар солҳои 90-ум худро ҷудо аз ин кишвар ва мустақил эълон кардааст, вале ҷомеаи байналмилал онро қаламрави Озарбойҷон медонад ва ба расмият нашинохтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.