Озмоиши ваксинаи КОВИД-19 дар Бритониё дубора шурӯъ шуд

Озмоиши як ваксинаи зидди коронавирус дар Бритониё дубора оғоз шудааст.

Ин озмоишро маркази “AstraZeneca” ва донишгоҳи Оксфорд анҷом медиҳанд.

Озмоиш рӯзи 8-уми сентябр бинобар бемор шудани нафаре, ки дар бадани ӯ ваксинаро озмоиш мекарданд, қатъ шуда буд. Зане, ки ваксинаро дар ӯ таҷриба мекарданд, ҳолати рӯҳиаш нохуб шуд ва таҳти ташхис қарор дошт. Ҳоло ҳоли ӯ хуб шудааст ва донишмандон ба кори худ идома медиҳанд.

Мат Ҳанкок, вазори тандурустии Бритониё аз оғози дубораи озмоиши ваксина истиқбол карда, дар твитераш инро  “хабари хуш барои ҳама”номидааст.

Ин марҳилаи сеюм аз нӯҳ марҳилаи озмоиш аст, ки бояд анҷом шавад.

Аз коронавирус дар саросари ҷаҳон то кунун 919 ҳазор нафар фавтидааст. Шумораи гирифторон ба беш аз 28,6 миллион нафар расидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.