Падари нахуствазири Бритониё баъд аз Brexit дархости шаҳрвандии Фаронсаро кард

Стэнли Ҷонсон, падари нахуствазири феълии Бритониё Борис Ҷонсон, пас аз ҷудо шудани ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо дархости шаҳрвандии Фаронсаро кард. Ин сиёсатмадори собиқ аз соли 1979 то 1984 Бритониёро дар Порлумони Аврупо намояндагӣ мекард.

Ҷонсони калонӣ дар суҳбат ба радиои RTL гуфт, дар раъйпурсии соли 2016 ӯ муқобили ҷудошавӣ аз Иттиҳоди Аврупо овоз дода буд. Ба ин хотир Стэнли Ҷонсон афзуд, доштани шаҳрвандии Фаронса ба ӯ кӯмак мекунад, то робитаашро бо Аврупо ҳифз кунад.

“Барои ман ин суол нест, ки ман фаронсавӣ ҳастам ё не. Агар ман забони фаронсавиро хуб мефаҳмам, пас ман фаронсавӣ ҳастам. Модари ман дар Фаронса таваллуд шуда буд ва гузаштагони ӯ ҳам фаронсавӣ буданд,”-гуфт Стэнли Ҷонсон.

Падари нахуствазири феълии Бритониё дар ҳоле талаби доштани шаҳрвандии Фаронсаро мекунад, ки Бритониё рӯзи 31-уми декабр ба таврӣ расмӣ аз Иттиҳоди Аврупо ҷудо шуд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.