Падари президенти Туркманистон фавтид

Мяликқулӣ Бердимуҳаммадови 88-сола, падари президенти Туркманистон – Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 18 апрел фавтид. Дар ин бора расонаҳои давлатии он кишвар хабар доданд.

Расонаҳо дар бораи фавт ва маросими ҷанозаи  Бердимуҳаммадови калонӣ ҷузъиёти бештар надоданд.

“Ин хабари нохушро мардуми Туркманистон бо андуҳи амиқ қабул карданд”, – хабар дод Оҷонсии иттилоотии “Асри тилоии Туркманистон”.

Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов 12-уми августи соли 1932 дар деҳаи Бирлешик-1 ноҳияи Геоктепини Туркманистон таваллуд шудааст. Дар солҳои гуногун дар китобхона, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти туркман, омодагии ҳарбӣ кор кардааст. Баъдтар хизмати ҳарбӣ карда, ба соҳаи низомӣ ва умури дохилии Туркманистон гузаштааст.

Расонаҳои давлатии Туркманистон хабари фавти Бердимуҳаммадови калониро бо нақли қавли Бердимуҳаммадови хурдӣ ҷамъбаст карданд.

“Роҳи омӯзандаи роҳнамои ман бароям омӯзанда буд, тарзи зиндагии вай – бароям идеал, донишгоҳи ҳаётӣ буд”,-гуфтааст Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар марги падараш.

Дар Туркманистон медале бо номи Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов таъсис шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.