Пайкараи маршал Рокоссовскийро дар Полша дуздидаву бесар карданд. АКС

Дар шаҳри Легнитсеи Полшаи ғарбӣ афроди номаълум пайкараи маршали Иттиҳоди Шӯравӣ ва Полша  Константин Рокоссовскийро дуздиданд. Ҳодиса шаби  30 июл рух додааст. Ходимони полис баъди ҷустуҷӯҳо пайкараро бо сари бурида дарёфт карданд. Ҷустуҷӯи гумонбарон идома дорад.

 

Пайкараи Рокоссовский дар назди як қабристони шаҳрии сарбозони Артиши сурх гузошта шуда  як бахше аз осорхонаи таърихии маҳаллӣ буд. Маршал Константин Рокоссовский соли 1896 дар Варшава таваллуд шуда, дар ҳайати артиши рус дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хидмат кардааст. Соли 1917 ихтиёран ба Артиши сурх рафт. Ӯ ягона низомие буд, ки якбора маршали ду кишвар – СССР ва Полша шуд. Замони раҳбарии Сталин дар соли 1937  ӯро боздошт ва дар ҳамкорӣ бо ҷосусии Полша муттаҳам  карданд. Соли 1940 дар мақомаш барқарор шуд. Ӯ яке аз фармондеҳои калони Ҷанги дуюми ҷаҳон буд ва соли 1945 раҳбарии паради ғалабаи Майдони сурхи Маскавро ба ӯҳда дошт.

Ҳайкали Рокоссовский дар Полша вокунишҳои якранг надоранд. Аз як сӯ нирӯҳои Фронти якуми Беларусӣ таҳти раҳбарии ӯ Полшаро аз зери дасти фашистони нозӣ озод карданд ва худи ӯ ҳам ба ватани таърихиаш муҳаббати зиёд дошт. Аз сӯи дигар, ин фармондеҳи низомӣ як тарафдори ашаддии Сталин буд ва, аз дидгоҳи миллатгароҳо, баъди озод шудани Полша  ҳукумати ишғолгаронаи шӯравиро намояндагӣ кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.