Палатаи ҳисоб гуфт, дар тақсими кӯмакҳо барои муқобила бо КОВИД-19, камбудҳоро ошкор кард

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, оид ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона барои муқобила ба бемории COVID-19 санҷишҳояшон дар шаҳру навоҳии кишвар камбудҳоеро ошкор намудааст. 

Дар Тоҷикистон тақсими одилонаи миллионҳо доллар кӯмаки созмону кишварҳои хориҷӣ барои мубориза бо коронавирус аз масъалаҳоест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста назорати ҷиддии онро аз сӯи мақомот талаб мекунанд.    

Аслиддин Ҳасанзода, сараудитори Палатаи ҳисоб рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пай гузаронидани аудит дар вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе 85 ҳазор сомонӣ зарари молӣ ошкор гардид, ки ба тақсими маводи доруворӣ рост меояд.  

Ӯ дар посух ба пурсиши батакрори хабарнигорон, ки шаффофияти тақсими кӯмакҳо то куҷо риоя шудааст, посух дод, ки санҷиш дар ҳама минтақаҳо анҷом шудааст, вале дар ин самт асосан Оҷонсии мубориза бо фасод кор мебарад. “Оҷонсӣ дархост кард, 10 мутахассиси мо барои гузаронидани санҷиш ҷалб шуд”. 

Ӯ дар ин робита шарҳи бештар надод, вале як корманди дигари Палатаи ҳисоб бидуни зикри номаш таъкид намуд, ки дар робита ба назорати тақсими кӯмакҳои башардӯстона аудит на дар ҳама шаҳру навоҳӣ сурат гирифтааст. Ӯ афзуд, ки дар моҳҳои июн-июли соли гузашта танҳо дар чанд навоҳии кишвар санҷиш гузаронида шуд, ки натиҷааш беш аз 80 ҳазор сомониро ошкор кард.   

Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли гузашта аз хориҷ ба маблағи бештар аз 41 миллион доллар ёрии башардӯстона гирифтааст. 

Моҳи декбар соли 2020 муовини вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар посухи расмӣ ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфт, ёриҳо аз васоили тиббӣ, орду равған, масолеҳи сохтмонӣ ва мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” иборат буданд ва ба иддаои ӯ, “ба қишри ниёзманд ва шифохонаҳо расонда шуданд”. 

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз сокинон мегӯянд, бо вуҷуди дармонда будан дар аҳди коронавирус кумаки башардӯстона нагирифтанд. 

Айни замон, дар ҷомеа ба шаффофият ва риояи адолат ҳангоми тақсими ёриҳои башардӯстона шубҳаҳо вуҷуд дорад. Қаблан кормандони тиб мегуфтанд, бо вуҷуди ба кишвар ворид шудани кумакҳо, либоси муҳофизатӣ ва васоили беҳдоштиро бо пули худ мехаранд. Мақомот чунин иддаоро пайваста рад кардаанд. 

Баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байнулмилалӣ охири моҳи майи соли сипаришуда раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ки ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд. 

Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2020, дар остонаи сафари коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард.  

Вазорати тандурустии кишвар  мегӯяд, аз он замон то оғози имсол беш аз 13 ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Оморе, ки баъзе сокинону мутахассисон ба дурустии он шубҳа доранд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.