Панҷ қурбонии муноқишаи марзиро ба хок супориданд

Панҷ сокини ҷамоати Чоркӯҳро, ки дар муноқишаи рӯзи гузашта дар марз кушта шудаанд, ба хок супориданд. Маросими видоъ бо онҳо баъд аз зуҳри 30-юми апрел баргузор шуд. Шахсоне, ки ба хок супурда шуданд:

Ҳикматулло Маҳкамов

Иброҳимхон Ҳошимзода

Далер Шерализода

Ҳусейнҷон Шаропов

Номи як нафари дигар аз фавтидагон, ки имрӯз ба хок супурда шуд, феълан маълум нест.

Аксҳо аз маросими дафни қурбониёни муноқишаи марзиро инҷо бубинед:

 

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 13 ва маҷруҳ шудани 134 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд. Аммо тибқи иттилои расонаҳо аз тарафи Тоҷикистон дар ин муноқиша ҳадди ақал 8 нафар фавтида, беш аз 90 нафар маҷруҳ шудаанд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.