Панҷ абзори хуб барои рӯзноманигорони тадқиқотгар ва блогнависон

Рӯзноманигор Фабиола Торрес аз тадқиқотгарони муваффақи Амрикои лотин ба ҳисоб меравад, ба сомонаи GIJN дар бораи абзорҳои писандидааш зимни тадқиқот нақл кардааст. Инак, мухтасари он матлаб:

1. OpenRefine
Сомонаи мазкур барои тоза кардани маълумот аз ҳар гуна хатогу такрорҳо кӯмак мекунад. Масалан, агар зимни таҳқиқот шумо бо маълумот ва ҳуҷҷатҳои бисёр кор гиред ва дар ташхис кардани онҳо мушкилӣ кашед, бо ворид кардани маълумот ба сомонаи мазкур кори худро осон мекунед.

2. Datawrapper
Ба андешаи Фабиола Datawrapper аз оддитарин абзор барои тасвири додаҳо дар шакли визуалӣ аст. Ӯ ҳангоми таҳқиқи чоҳҳои ғайриқонунӣ дар ҷануби Перу аз ин абзор истифода кардааст.

3. Linkurious
Абзори мазкурро хонум Торрес аввалин бор дар таҳқиқоти «Ҳуҷҷатҳои панамагӣ» истифода бурдааст. «Мо ҳуҷҷатҳои бисёре дар бораи Панама дар даст доштем ва танҳо бо кӯмаки Linkurious тавонистем, ки ширкати аслиро пайдо карда, ҳамаи равобити онро ошкор кунем»,- мегӯяд Фабиола.

4. MedsPaL
Ин сомонаи умумиҷаҳонии маълумот дар бораи патент ва иҷозатномаҳои барои доруҳо буда, зимни бурдани таҳқиқоти тиббӣ хеле муфид аст. Масалан, дар бораи дилхоҳ дору бо истифода аз вожаи калидии кишвар ё дору метавон дар инҷо маълумот пайдо кард. Ва ҳамчунин мешавад мушаххас кард, ки оё доруҳои дар кишвари мавриди назар фурӯхта мешуда, дорои иҷозатнома ҳаст ё на.

5. 500womenscientists.org
Дар ин сомона метавонед аз ҳар гӯшаи дунё занҳои олими соҳаи тибро пайдо кунед, ки ба суолҳои шумо посух гӯянд. Ин абзор ҳам барои таҳқиқот дар соҳаи тиб хеле муфид аст, чун на дар ҳар кишвар коршиноси хуб дастрас аст.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.