Панҷ кушта дар сӯхтори анбори як пойгоҳи низомӣ дар Қазоқистон

Дар паи силситаркишҳову сӯхтор  дар як пойгоҳи низомии ҷануби Қазоқистон панҷ нафар кушта ва 90 нафар маҷрӯҳ шуданд. Вазири дифои ин кишвар гуфт, ки омода аст аз мақомаш истеъфо диҳад. Нурлан Эрмекбаев, вазири дифои Қазоқистон, ки дар бораи ҳодисаи 26-уми август дар як нишасти хабарии рӯзи ҷумъа хабар дод, гуфт, ҳанӯз сабаби сар задани сӯхтор дар анбори низомии воқеъ дар шаҳри Ариси вилояти Ҷамбул  маълум нест ва ҳама фарзияҳо, аз ҷумла, як амали махсус тарҳрезишуда будани ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Эрмекбаев гуфт, ки баъди даҳ таркиш дар анбори нигаҳдории васоили фанниву низомӣ сӯхтор сар зад ва дар натиҷа, чор сарбоз ва як ходими сӯхторхомӯшкунӣ ба ҳангоми муқобила бо оташ ҷон доданд. Айни чунин ҳодиса дар ҳамин ҷо соли 2019 ҳам рух дода буд ва он вақт чор нафар кушта шуд. Дар сӯҳбати ҷудогона бо Бахши қазоқии Радиои Озодӣ Эрмекбаев гуфт, ки омода аст аз мақомаш истеъфо диҳад ва ҳама тасмим ба президент Қосимжомарт Тоқаев аст.

Мақомот гуфтанд, ки садҳо сокини манотиқи атрофро ба ҷойҳои амн кӯч доданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.