Панҷ: Панҷ бунгоҳи тиббӣ бино надоранд

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинои панҷ бунгоҳи тиббӣ дар дохили мактабҳо ҷойгир буда, вазъи хуб надоранд.

Роҳбари муассисаи Кӯмаки аввалияи тибиву санитарии ноҳия мазкур Зафар Ҳандалаев дар сӯҳбат ба хабарнигори “Фараж” тасдиқ кард, ки ҳоло дар ноҳия панҷ бунгоҳи тиббӣ дар биноҳои ғайр ҷойгир буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Ба иттилои ӯ, барои се бунгоҳи тиббӣ, ки ҳоло бино надоранду дар дохили муассисаҳои таълимӣ ҷойгир мебошанд, замин барои сохтмон ҷудо карда шудааст, аммо тақдири ду бинои дигар чӣ мешавад, ӯ дар ин бора чизе нагуфт.

Ҳамчунин, зикр кард, ки дар ин давра 2 бунгоҳи тиббии нав сохта шуда, айни замон сохтмони як бунгоҳи дигар идома дорад.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.