Пандемияи коронавирус ба лоиҳаҳои ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» 60% таъсир расонид

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 60% лоиҳаҳои ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» (КР) аз пандемияи COVID-19 каму беш зарар дидаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории МИА «Казинформ» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни брифинг дар бораи натиҷаҳои видеоконфронси сатҳи баланд дар бораи ҳамкории байналмилалӣ оид ба «Камарбанд ва роҳ» Директори Департаменти иқтисодиёти байналмилалии ВКХ ҶМЧ Ванг Сяолонг иттилоъ дод.

«Тақрибан 20% лоиҳаҳо ҷиддан осеб диданд, ба 40% -и онҳо ба ин ё он андоза таъсир расидааст, мутаносибан 40% -и дигар тибқи ҷадвал иҷро мешаванд», —  қайд намуд дипломати хитойӣ.

Ван Сяолонг таъкид кард, ки ҷониби Чин алоқаманди лоиҳаҳои дарозмӯҳлати сарҳадӣ мебошад ва ният дорад, ки ҳарчи зудтар онҳоро татбиқ намояд.

Тибқи омор, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ сармоягузории Чин ба иқтисодиёти кишварҳои узви ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» то 11,7% ва муомилоти амвол то 3,2% афзоиш ёфтааст.

Шумораи парвозҳо ва гардиши бор дар масири ҳамлу нақли мунтазами борҳо тавассути роҳи оҳани «Чин–Европа» дар чор моҳи соли 2020, дар муқоиса бо  ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 24% ва 27% зиёд шудааст.Ёдовар мешавем, ки ибтикори Чин «Камарбанд ва роҳ» ду лоиҳаро — «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» ва «Роҳи баҳрии абрешими асри 21»-ро муттаҳид мекунад.

ДАР АКС: Директори Департаменти иқтисодиёти байналмилалии ВКХ ЧХХ Ван Сяолун/ © Артем Иванов/ТАСС

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.