Пандемияи коронавирус боиси коҳиши 7-дарсадии дуоксиди карбон шуд

Барномаи ҷаҳонии карбон мегӯяд, ки бо сабаби пандемияву маҳдудиятҳои иқтисод назар ба соли 2019, имсол,  ихроҷи дуоксиди карбон ба ҳаво 7 дарсад коҳиш ёфтааст. Донишмандони байналмилалӣ дар як таҳқиқоти рӯзи 11 декабр нашршудаи худ мегӯянд, ки соли ҷорӣ ба ҳаво 34 миллиард тонна газҳои гулхонаӣ партоб мешавад. Ба ҳисоби донишмандон, дар ИМА ихроҷи дуоксиди карбон ба ҳаво 12 дарсад ва дар саросари Иттиҳоди Аврупо 11 дарсадро ташкил  додааст. Вале дар Чин ин ихроҷ 1,7 дарсад кам шудааст, чун ин кишвар баъди мавҷи аввали пандемия иқтисодашро дубора зинда кард. Донишмандон мегӯянд, ки коҳиши ихроҷи дуоксиди карбон дар ҷаҳон бештар ба он хотир кам шудааст, ки мардум соли ҷорӣ камтар аз хона берун шуда, аз мошинҳои худ ҳам зиёд истифода накардаанд.

Айни замон, донишмандон мегӯянд, ки дар солҳои охир тамоюл ба коҳиши ихроҷи дуоксиди карбон мушоҳида мешавад. Дар ҳоле, ки баъди хатми пандемия интизор меравад, ки дубора ихроҷи дуоксиди карбон ба ҳаво бештар мешавад, умедворӣ ин аст, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз роҳи созишҳои нави иқтисодӣ барои роҳандозии иқтисод бо назардошти коҳиши партобҳои гулхонаӣ иқдом мекунанд.  

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.