Пардохти ҷубронпулӣ ба мизоҷони “Кафолатбонк”-и барҳамдодашуда оғоз ёфт

СММ: Тоҷикистон 11 нафарро иҷборан ба Афғонистон ихроҷ кард

Дар Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезаҳо аз ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон, ки хостори паноҳгоҳ дар Тоҷикистон мебошанд, изҳори нигаронӣ карданд. Тавре маркази иттилооти СММ хабар медиҳад,11 ноябр 11 нафар мардону занон ва кӯдакон иҷборан ба Афғонистон баргардонида шуданд.

Дар Раёсати Созмон гуфтаанд, шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ ба Тоҷикистон фирор мекунанд, бо монеъаҳои гуногун дучор мешаванд

“Охири моҳи июл мақомоти маҳаллӣ ироаи ҳуҷҷатҳои иҷозаи будубоши муваққатӣ дар кишварро ба онҳо бо мутаваққиф карданд. Дар ҳамин ҳол, маҳз мавҷудияти чунин санад шарти ҳатмӣ барои пешниҳоди дархост барои паноҳандагӣ аст”, — омадааст дар хабар.

Дар Раёсат зикр мекунанд, ки комиссия оид ба муайян кардани мақоми гурезаи Тоҷикистон низ фаъолияти худро дар мавриди баррасии аризаҳо дар бораи пешниҳоди паноҳгоҳ боздоштааст.

“Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки афғонҳои чанде пеш ба Тоҷикистон омада бе ҳуҷҷат монданд. Ба ҳамаи онҳо ҷаримаву боздошт ва ихроҷ таҳдид мекунад”, – зикр кардаанд дар Раёсати СММ.

Раёсат аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки аз баргардонидани ҳама гуна хоҳишмандони паноҳгоҳ ба Афғонистон худдорӣ намуда, фавран анҷоми расмиёти будубоши қонунӣ ва муайян кардани мақоми паноҳандагонро барқарор кунанд.

Сокини деҳаи Сомониён: “Қирғизҳо навраси тоҷикро лату кӯб ва чорвояшро бурданд”

Дар деҳаи наздимарзии Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара шаҳрвандони Қирғизистон як навраси тоҷикро лату кӯб ва чорвояшро бо худ бурдаанд. Ҳодисаи мазкур рӯзи 21 ноябр рух додааст.

“Довудҷони 17-сола чорво мечаронид, лекин тасодуфан як гов ба қалдамраве гузаштааст, ки қирғизҳо онро аз они худашон медонанд. Пас аз ин онҳо наврасро лату кӯб намуда, ӯро ба куштан таҳдид мекунанд. Сипас чор говро бо худ бурдаанд”, – мегӯяд Мақсад.

Ҳодисаро ҳамчунин роҳбари деҳаи Сомониён Додохон Ҷабборов низ тасдиқ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Дорвудҷон “ҳам аз лиҳози равониву ҳам ҷисмонӣ” осеб дидаааст. Зикр шуд, ки баъди ин ҳодиса вазъи солимии модари Довудҷон бад шуда, барои ӯ мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардаанд.

“Хушбахтона, ҷавон зинда буда, зер муоинаи табибон қраор дорад. Пас аз лату кӯб ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Чорвои рабударо шаҳрвандони Қирғизистон ҳоло барнагардонидаанд”, – иброз дошт Ҷабборов.

Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба мизоҷони “Кафолатбонк”-и барҳамдодашуда

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз оғози пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи “Кафолатбонк” хабар дод

Пардохти ҷубронпулӣ тариқи ташкилоти қарзии “Ҳумо” сурат мегирад, ки саридорааш дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир аст, хабар додааст Хазинаи суғуртаи пасандозҳо.

Таъкид шудааст, ки ҳадди ниҳоии ҷубронпулӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 ҳазор сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад.

“Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби барҳамдиҳандаи ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт хоҳад шуд”, – омадааст дар иттилоия.

Тавзеҳ дода шудааст, ки пасандоздорон метавонанд, маблағи ҷубронпулиро нақдӣ ё ғайринақдӣ бо роҳи интиқол ба суратҳисоби бонкие, ки дар аризаашон нишон додаанд, гиранд.

Хазина илова намуд, ки ҷубронпулии суғурта бо пули миллӣ – сомонӣ пардохта шуда, қабули ариза барои пардохт давоми як сол аз санаи фарорасии ҳолати суғуртавӣ амалӣ мегардад.

ВУХ: Буҳрони Афғонистон Тоҷикистону Аврупоро муттаҳид кард

Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бояд бархурдашонро дар робита ба амнияти минтақаӣ иваз кунанд, дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳангоми дидор дар нишасте бо формати Аврупо ва вузарои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард.

“Вазъияте, ки дар кишваҳр ҳамсоя, Афғонистон ба вуҷуд омадааст, аз мо бархӯрди нави муштаракеро барои амнияти минтақаӣ тақоз мекунад”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷа ва амният изҳори умедворӣ кард, ки дар ин замина бояд ҳамкориҳои амиқтар миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сурат бигирад.

Ба гуфтаи ӯ, минтақаҳо мушкилоту таҳдидҳои муштарак доранд.

“Мо бояд шумори афзалиятҳо ва вазифаҳоро дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ муайян намоем”, – таъкид кард ӯ.

Боррел афзуд, ки бӯҳрони дохилии Афғонистон ба мавзуи аслии рӯз табдил ёфтааст, ки ҳалли фаврии онро тақозо мекунад.

Даъват ба артиш дар Тоҷикистон беш аз 80 фисад иҷро шуд

Давоми 52 рӯз даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба 83,1 фисад расидааст, хабар медиҳад Вазорати мудофиаи кишвар.

Ба иттилои манбаъ, ВМКБ ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро кардаанд.

Гуфта мешавад, даъвати наваскарон дар навоҳии тобеи марказ низ наздик ба анҷомёбӣ буда, ҳоло ба 96 фисад мерасад.

Вилояти суғд бошад, 77,3% ва вилояти Хатлон 75% – и нақшаи даъватро иҷро кардаанд.

Ахиран вазири мудофиаи Тоҷикистон дар суҳбат бо мақомдорони вилояти Хатлон гуфт, даъвати наваскарон ба артиш бояд саривақт иҷро шавад.

Ҷазо барои хушунат алайҳи кӯдакон дар Тоҷикистон сахттар шуд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон ва хушунат алайҳи кӯдаконро сахттар карда, ҳаҷми ҷаримаро аз 180 – 300 сомонӣ то ба 420 сомонӣ расониданд. Ин тарҳ дар ҷаласаи охири парлумон аз сӯи вакилон якдилона қабул гардид.

Муовини прокурори генералии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода зимни муарифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба кодекси мазкур гуфт, сабаби асосии таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи мазкур дар самти иҷро накардани уҳдадориҳо дар бахши таълиму тарбияи ноболиғон мавҷуд будани норозиҳо мебошад.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди ба ҷавобгарӣ кашидани ҳазорҳо нафар барои хушунат нисбати кӯдакон, ин мушкил ҳалли худро пайдо намекунад, балки дар ҳоли афзоиш аст. Муовини додситони кулл гуфт, давоми солҳои 2019-2020 наздики 27 ҳазор нафар барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбия ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Сообщение Пардохти ҷубронпулӣ ба мизоҷони “Кафолатбонк”-и барҳамдодашуда оғоз ёфт появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.