Парлумони Қаробоғи Кӯҳӣ ба забони русӣ мақоми расмӣ дод

Парлумони ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 25-уми март пешниҳоди дар баробари забони арманӣ ба забони русӣ додани мақоми дуюми расмӣ дар ин минтақаро қабул кард. Тарҳи қонунро бояд раҳбари арманитабори  ин минтақа имзо кунад. Дар он гуфта шудааст, ки мақоми расмии забони русӣ дар минтақа ба манфиати равобити таърихии фарҳангиву низомӣ ва иқтисодӣ бо Русия мебошад. Мунаққидони қабули ин қонун мегӯянд, ки  мақоми расмии забони русӣ боиси тақвияти робитаву муколамаҳои сокинону мақомоти минтақа бо низомиёни русе мешавад, ки баъди имзои оташбаси ҷанги шашҳафтаинаи порсолаи Арманистону Озарбойҷон ба ҳайси посдорони сулҳ дар минтақа мустақар шудаанд.

Ҳузури низомии Русия дар Қаробоғи Кӯҳӣ фавқулодда афзоиш ёфтааст. Бар асоси созиши моҳи ноябри  порсол, бахше аз Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳафт ноҳияи атрофи он таҳти маъмурияти Озарбойҷон қарор гузаштааст. Ин минтақаҳо давоми 30 соли ахир зери назари нирӯҳои арманитабор буданд. Бар асоси созиш дар хати ҷанг ва долонҳои байни ду ҷумҳурӣ 2 ҳазор низомии Русия мустақар шудаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Қаробоғи Кӯҳиро минтақае дар ҳудудҳои Озарбойҷон эътироф мекунад ва нақшаи ба забони русӣ додани мақоми расмӣ дар Қаробоғро дар Озарбойҷон интиқод карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.