Парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои Осиё ва Аврупо гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис дод

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода“-ро баррасӣ намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин пешниҳодҳои вакилон барои ворид шудан ба ҳайати Гурӯҳи миллии Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ҳайатҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ,  Гурӯҳи миллии Иттиҳоди Парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Гурӯҳи миллии Ассамблеяи парлумонҳои Осиё,  кумитаҳои умумии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,  комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ), инчунин ташкили Гурӯҳи ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумони  Аврупо, таъсиси Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои намояндагони Ассамблеяи Миллии Баҳрайн, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Шотландия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Австралия,  ташкили  Гурӯҳи  дӯстӣ ва ҳамкории  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Штатҳои Муттаҳидаи Америка аз ҷониби аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба дастгирӣ карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро сухан гуфта, пешниҳоди масъалаҳои мазкурро дар рӯзномаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ намуданд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.