Партоби се мушак ба маркази Кобул

Мақомоти афғон гуфтанд, ки ба камиаш се мушак ба маркази шаҳри Кобул партоб шудааст. Партоби ин мушакҳо дар ҳоле рух дод, ки президент Ашраф Ғанӣ дар Арки раёсати ҷумҳурӣ бо дигар мақомоти давлатӣ намози Иди Қурбонро адо мекард.

Мирвайс Станикзай, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ки мушакҳо дар минтақае, ки қасри раёсати ҷумҳурӣ ва дигар сафоратхонаҳо ҷойгир ҳастанд, бархӯрданд. Ба гуфтаи вай, касе дар ин ҳодиса захмӣ нашудааст.

То кунун касе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба ӯҳда нагирифтааст.

Ашраф Ғанӣ чанд дақиқа баъд аз ин ҳамлаҳо гуфт, ки гурӯҳи Толибон иродае барои сулҳ надорад. 

Ин изҳороти оқои Ғанӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Толибон ахиран минтақаҳои зиёдеро дар Афғонистон ба тасарруфи худ дароварданд.

Қарор аст нерӯҳои хориҷӣ то охири моҳи оянда Афғонистонро тарк кунанд ва музокироти дурӯзаи ҳайати баландпояи ҳукумати Афғонистон бо Толибон ҳам дар Давҳа – пойтахти Қатар, бенатиҷа будааст. Ҷонибҳо муваффақ нашуданд, ки дар рузҳои Иди Қурбон оташбас эълон кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.