Парвандаи ҷиноятӣ зидди як гурӯҳ мансабдорони “Агроинвестбонк”

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати як гурӯҳ аз масъулони “Агроинвестбонк” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ин афрод ба он муттаҳам мешаванд, ки дар додани қарзҳо ба “қонуншиканӣ” роҳ додаанд. Ному насаби ин афрод то ба ҳол эълон нашудааст ва маълум нест, ки онҳо дар ин робита чӣ назар доранд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳаҷми ин маблағҳои қарзӣ 391 миллион сомониро ташкил медиҳад. 

Ба гуфтаи масъулони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар баробари масъулони ин бонк, дар нисбати намояндагони бархе аз ширкатҳо, ки аз ин бонк қарз гирифтаанд, низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Масъулони Оҷонсӣ ҳамзамон шумораи афродеро, ки алайҳи онҳо парванда боз шудааст зикр накарданд ва танҳо гуфтанд, ки баъдан маълумот ироа хоҳанд кард.

Соли гузашта Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо дастури Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ дар “Агроинвестбонк” тафтиш гузаронда даҳҳо миллион сомонӣ зарарро ошкор карда буд.

Зимнан, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2018 Муродалӣ Алимардонов, раиси “Агроинвестбонк”-ро бозпурсӣ карда буд.

“Агроинвестбонк” тақрибан панҷ сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.

Хабар такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.