Парвандаи Парвиз ва Азиза Давлатовҳо ба додгоҳ меравад. Тафтишоти “парвандаи Мадина” ба анҷом расид

Тафтишоти “парвандаи Мадина” ба анҷом расид. Прокуратура барои ба суд фиристодани парванда ҳуҷҷатҳои ниҳоиро тартиб дода истодааст. Парвиз Давлатов (мувофиқи шиносномааш Лутфулло) бо се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ҳамсараш Азиза бо як модда муттаҳам мешаванд, хабар дод ба Your.tj як манбаи огоҳ аз рафти тафтишот.

Азиза Давлятова, Мадина Мамаджонова, Парвиз Давлятов. Акс аз Радиои Озодӣ

Сухан атрофи таҳқиқи қазияи пурсару садо, яъне ҷанҷоли зани якум ва дуюми Парвиз Давлатов меравад. Мадина Мамадҷонова (зани дуюм) пас аз буғии Азиза Давлатова (зани аввал) ба далели халалдор шудани фаъолияти ҳарду нимкураи мағзи сар дар ҳолати вегетативӣ, яъне беҳушӣ қарор дорад.

Оилаи Давлатовҳо рӯзи 31 октябр боздошт шуданд. Зимни тафтишот нисбати Азиза Давлатова бо моддаи 32, қисми 3 ва 104 қисми 1 (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Нисбати Парвиз Давлатов бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 117 қисми 2, банди “в” (азобу уқубати шахси дар ҳолати нотавонӣ қарор дошта), 109 (ба худкушӣ расонидан) ва 170 (дузанагӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни тафтишот муайян шудааст, ки Азиза Давлатова на кам аз 5 дақиқа, Мадинаро буғӣ кардааст.

“Дар мавриди Парвиз, сухан дар бораи шиканҷаи маънавӣ ва ҷисмонии ҳамсари аввалаш Азиза Давлатова меравад. Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки Давлатов чанд сол инҷониб зани якумашро мавриди озори маънавӣ ва ҷисмонӣ карор додааст. Бар асари фишори доимии равонӣ Азиза Давлатова ду маротиба қасди худкушӣ кардааст”, – гуфт ин манбаи огоҳ ба Your.tj.

Шиносони Азиза таъйид мекунанд, ки тайи чанд моҳи ахир вай аз ҷиҳати равонӣ хеле озурда ба назар мерасид.

Парвандаро пас аз шинос кардани вакилони мудофеъ бо маводи тафтишот ба додгоҳ равон мекунанд.

Бо дарназардошти қонуни авф ва ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо, тахмин меравад, ки ки додгоҳ Парвиз Давлатовро ба 10 сол ва Азиза Давлатоваро ба 7 соли зиндон маҳкум кунад.

Сообщение Парвандаи Парвиз ва Азиза Давлатовҳо ба додгоҳ меравад. Тафтишоти “парвандаи Мадина” ба анҷом расид появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.