Парвозҳои байналмилалии Покистон ба Афғонистон ҳафтаи оянда барқарор мешаванд

Сухангӯи ширкати парвозҳои байналмилалии Покистон гуфт, ки ҳавопаймоҳои онҳо аз ҳафтаи оянда парвозҳои тиҷоратӣ миёни Исломобод ва Кобулро барқарор мекунанд. Абудуллоҳ Ҳафизхон рӯзи 11 сентябр дар сӯҳбат бо Франс Пресс  гуфт, ки барои шурӯи парвозҳои ҳавоӣ ҳама иҷозату мувофиқаҳои зарурӣ ба даст омадааст.  Ӯ гуфт, нахустин парвоз 13-уми сентябр бо ҳавопаймои навъи  Airbus A320 аз Исломобод ба самти пойтахти Афғонистон сурат мегирад. Ин нахустин парвози тиҷоратии байналмилалӣ хоҳад буд, ки баъди таҳти назари Толибон гузаштани аксар қаламравҳои Афғонистон  сурат мегирад. Нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ дар як амалиёти шитобзадае то 31-уми августи имсол Афғонистонро тарк карданд ва ҳамроҳ бо онҳо ҳазорҳо шаҳрвандони ин кишвар, ки бо омадани Толибон аз ҷонашон эҳсоси хатар доштанд, берун рафтанд. Дар 11 рӯзи гузашта парвозҳои тиҷоратии байналмилалӣ аз Кобул ҳанӯз барқарор нашудааст.

Ҳавопаймои ширкати Qatar Airways, ки рӯзи 9 сентябр 200 мусофирро ба Давҳа бурд, чартерӣ будааст.   Ширкати байналмилаии ҳавоии Покистон рӯзи 22 август гуфт, ки бо сабаби аз партов пур будани майдони ҳавоиву фурудгоҳи Кобул парвозҳоро бозмедорад, чун, ба гуфтаи ин ширкат, бархӯрди ҳавопаймо бо партов метвонад паёмадҳои офатбор дошта бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.