Парвоз аз Русия ба Туркия маҳдуд шуд

Русия рафтуомади ҳавоӣ бо Туркияро аз фардо маҳдуд мекунад.  Мақомоти Русия ин  тасмимро ба хотири  хуруҷи COVID-19 ва бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия гирифта, маҳдудияти парвоз то 1-уми июн  муқарар шудааст. Ситоди фаврии Русия қарор кард, ки  миёни ду кишвар  танҳо ду парвоз дар як ҳафта боқӣ хоҳад монд. Бинобар лағви ногаҳонии парвозҳо, тақрибан ним миллион сокини Русия, ки барои истироҳат ба Туркия роҳхат гирифта буданд, аз сафар маҳрум мешаванд. Туркия аз   зумраи аввалин  кишварҳое буд, ки  Русия аз  моҳи августи соли гузашта ҳарими ҳавоиашро  боз кард. Зимнан Тоҷикистон ҳам аз моҳи октябр бо  Туркия парвозҳои доимиашро  барқарор намуд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.