Пашинян аз Путин хост, барои раҳоии зиндониёни Арманистон аз Озарбойҷон кумак кунад

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хост, ки барои раҳоии даҳҳо асиру зиндонии ин кишвар, ки назди Озарбойҷон қарор доранд, кумак кунад.

Ин афрод ҳангоми ҷанги соли гузашта дар Қарабоғи кӯҳӣ асир ва боздошт шудаанд. Пашинян ин мавзуъро рӯзи 7-уми апрел дар мулоқот бо Путин дар Маскав дар миён гузошт.

Нахуствазири Арманистн гуфт, “тибқи тавофуқномаи нуҳуми ноябр, ҳамаи рабудашудаҳо, асирони ҷангӣ ва дигар зиндониён бояд ба хонаҳои худ бармегаштанд. Вале мутаассифона мо ҳануз ҳам дар Озарбойҷон зиндонӣ дорем”.

Дар ҷанги якуниммоҳаи Озарбойҷон ва Арманистон дар Қарабоғ беш аз 6 ҳазор нафар кушта шуданд. Ин ҷанг бо миёнаравии Русия поён ёфт.

Ҳанӯз шумораи дақиқи асирони Арманистон дар Озарбойҷон маълум нест, аммо бархе расонаҳо навиштанд, ки ҳудуди 140 арманӣ дар Озарбойҷон зиндонианд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.