Патенти кори муҳоҷирон дар Русия электронӣ мешавад

Дар Маскав патентҳои кориро электронӣ мекунанд. Лоиҳаи ин фармон, ки аз   ҷониби мутахассисони  Вазорати корҳои дохилии Русия таҳия шудааст, дар портали расмии итиллоти ҳуқуқӣ нашр гардид.  Интизор меравад, ки шакли электронии  патенти кор барои муҳоҷирон дар соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Муаллифони ин портал мегӯянд, акнун пардохти пули патент барои  муҳоҷирон осон мешавад.  Муҳоҷирон бе патент ҳаққи кор дар Русияро надоранд ва дар сурати надоштани ин санади иҷозадиҳандаи кор, ҷаримабандӣ ва ихроҷ аз хоки Русия таҳдид мекунад. Мақомоти рус мегӯянд, ҳоло муҳоҷирон пантентро бидуни рамзи электронӣ мегиранд,  вале шакли  наваш аз сохтакории патент пешгирӣ хоҳад кард.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.