Пентагон: Чин метавонад дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ бисозад

Вазорати дифои Амрико ё Пентагон Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое номбар кардааст, ки эҳтимол Чин мехоҳад, дар он ҷо барои истиқрори нирӯҳояш пойгоҳи низомии худро таъсис диҳад. Ин матлаб дар гузориши нави Пентагон зикр шудааст, ки рӯзи 1-уми сентябр нашр шуд

Дар матни гузориши солонаи Пентагон ба унвонии Конгресс, аз ҷумла, омадааст: “Ҷумҳурии Мардумии Чин ба эҳтимоли зиёд барои Артиши озодихоҳи мардумӣ дар хоки Мянмар, Тайланд, Сингапур, Индонезия, Покистон, Шри-Ланка, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кения, Сейшел, Танзания, Ангола ва Тоҷикистон макони ҷойгиркунии муассисаҳои лоҷистикӣ бунёд кардан мехоҳад.”

Гузориш меафзояд, Пекин дорои нирӯҳои баҳрии азимтарин буда, тавони қавӣ барои сохтани киштиҳоро дорад.

Айни замон Тоҷикистон макони истиқрори 7 ҳазор нирӯи низомии Русия аст. Русия дар робита бо зикр шудани Тоҷикистон дар гузориши Пентагон расман изҳори назар накардааст. Ҳамчунон мавқеи мақомоти тоҷик ба ин гузориш маълум нест.

Вале моҳи феврали соли 2019 рӯзномаи Washington Post ба нақл аз сокинони маҳаллӣ ва аксҳои моҳвораӣ навишт, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар чандкилометрии марзи Чин, се сол аст, ки пойгоҳи низомии махфии Чин вуҷуд дорад.

Дар асри XIX дар ин ноҳия посгоҳи пештози казакии императории Русия мавҷуд буд, вале сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо рӯзноманигори амрикоӣ тасдиқ кардаанд, ки ҳоло дар ноҳия низомиёни чинӣ ҷойгир шудаанд. Он замон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттилоъро рад кард ва гуфт, ин як посгоҳи марзӣ аст, ки дар қаламрави Чин қарор дорад.

Чин дар гузашта дар бахши низомии Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Аз ҷумла, соли 2016 бо 19 миллион доллар Чин дар Душанбе Кохи Афсарон сохт. Ҳамчунин барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, ки тақрибан 1400 километр дарозӣ дорад, бурсия ихтисос дода шуд.

Бар асоси он, дар ин марзҳо бунёди се дафтари фармондеҳӣ, чаҳор дидбонгоҳи марзӣ, чаҳор посгоҳ ва як маркази таълимӣ дар назар гирифта шуд. Ба ҷуз аз ин, моҳи ноябри соли 2019 дар Душанбе бо пуштибонии молии Чин Маркази мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ боз гардид.

Таҳлилгарон мегӯянд, Чин дар хоки худ бо ифротгароии исломӣ мубориза мебарад ва сиёсати ҳамсони Тоҷикистон дар ин самт ин ду кишварро шарику ҳамкор мекунад.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, Пекин дар андешаи ин аст, ки дар давоми даҳ соли баъдӣ кулоҳакҳои ҳастаии худро ду баробар бештар кунад. Феълан Пекин 200 кулоҳаки ҳастаӣ дорад ва имкониятҳои Чин дар заминаи мушакҳои замин ба ҳавояш аз Амрико бештар аст.

Инчунин, бар асоси ин гузориш, ҳадафи Чин табдил шудан ба як қудрати азими ҷаҳонӣ буда, худро рақиби Амрико мебинад ва дар талоши ин аст, ки нирӯяҳошро дар сатҳи байналмилалӣ тавсеа бидиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар изҳороти рӯзи 2-юми сентябраш сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин Ҳуа Чунян гузориши Пентагонро рад кард ва гуфт, гузориш дар бораи нияти ду баробар бештар кардани кулоҳакҳои ҳастаӣ аз ҳақиқат дур аст ва гузориш муғризона мебошад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.