Пентагон гуфт, пули нафти Сурия ба курдҳо меравад, на хазинаи Амрико

Пентагон мегӯяд, даромад аз истихроҷ ва фурӯхтани нафт дар шимолу шарқи Сурия, ки аз тарафи нерӯҳои Амрико нигоҳбонӣ карда мешаванд, ба курдҳо ва ҳампаймононашон равона мешавад, на ба хазинаи Вашингтон.

Сухангӯи Пентагон Ҷонатан Ҳофман рӯзи 7-уми ноябр бо ишора ба нирӯҳои демократии Сурия зери роҳбарии курдҳо ба рӯзноманигорон гуфт, “даромади нафт ба Амрико намерасад, ба Нирӯҳои Демократии Сурия мерасад”.

Ҳофман афзуд: “Мақсад ин аст, ки ба Нирӯҳои Демократии Сурия ба роҳбарии курдҳо иҷозат дода шавад, барои  пурзӯр кардани қудраташон дар маъракаи ба зидди “Давлати исломӣ” тавоноӣ дошта бошанд. Ҳамин тавр, он ДОИШ-ро аз гирифтани даромади нафт пешгирӣ мекунад ва ба курдҳою Нирӯҳои Демократии Сурия имкон медиҳад, он ҷоро низ назорат кунанд.”

Нирӯҳои Демократии Сурия бо роҳбарии курдҳо ҳампаймони асосӣ буда, аз дастгирии низомӣ дар мубориза ба зидди ДОИШ дар минтақаи Сурия наздик ба сарҳади Туркия бархӯрдор шудааст.

Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Амрико Уилям Бирн гуфт, вақте ки ҷангҷӯён майдонҳои нафтро назорат мекарданд, тавонистанд дар як рӯз 45 ҳазор бушка бо нархи тақрибан 1,5 миллион долларро барои ёрӣ расонидан ба ҳамлаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба даст оранд. “Мо танҳо намехоҳем, ки ин дубора рӯй диҳад”, — афзуд ӯ.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.