Пентагон гуфт, Русия силоҳи зиддимоҳвораӣ озмоиш кард

Фармондеҳии кайҳоннавардии ИМА рӯзи чоршанбе иттилоъ дод, ки Русия силоҳи зиддимоҳвораиеро озмоиш кардааст.

Тавре фармондеҳӣ гуфтааст, ин озмоиш як ҷузъи барномаест, ки Русия дар доираи он силоҳи кайҳониеро коркард ва дар замину мадор насб мекунад. Ба гуфтаи масъулони фармондеҳӣ, ин иқдом бар хилофи изҳороти расмии раҳбари Русия аст, ки гуфта буд, Москва барои пешгирӣ аз низомисозии кайҳон талош хоҳад кард.

Дар Пентагон нагуфтанд, ки Русия кай ин озмоишро анҷом додааст. Вале “Садои Амрико” иттилоъ дода, ки озмоиш рӯзи чоршанбе сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, низоми мобилии дифои зиддимушакии А-235 “Нудол” раҳгирро бидуни ҳадаф қарор додани чизи кайҳоние ба 800-километрӣ дар шимоли Москва партоб кардааст. Худи Русия дар бораи озмоиш иттилое надодааст ва расонаҳои расмӣ низ танҳо дар бораи вокуниши Амрико навиштаанд.

Раҳбари фармондеҳии кайҳонавардии ИМА генерал Ҷон Рэймонд гуфт, ин озмоиш “дуруягии таблиғоти Русияро дар бораи пешниҳодҳо оид ба назорати силоҳи кайҳонӣ” нишон медиҳад. Масъулони Пентагон мегӯянд, озмоишҳои ҳамсон бозгӯи онанд, ки таҳдидҳо ба низоми кайҳоннавардии ИМА ва ҳампаймононаш бузургтар мешаванд.

Ба гуфтаи низомиёни амрикоӣ, Русия ду навъи гуногуни силоҳи кайҳониро намоиш додааст.

ИМА ва Бритониё моҳи июли соли равон Русияро ба оташкушоӣ дар кайҳон айбдор карданд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, як моҳвораи Русия ба моҳвораи дигараш оташ кушодааст. Дар Русия иддаои низомиёни ғарбиро рад карда, ба мусоламатомез будани озмоишҳои кайҳонӣ исрор меварзанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.