“Персеполис”-и Эрон аввалин финалисти Лигаи қаҳрамонҳои AFC шуд

Бошгоҳи футболи “Персеполис” -и Эрон, ки дар бозии ниманиҳоӣ тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудиро мағлуб кард, ба финали Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) роҳ ёфт.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби 1: 1 хотима ёфт ва аз рӯи силсилаи пеналтӣ бошгоҳи Эрон пирӯз шуд – 5: 3. Дарвозаи «Ал-Наср»-ро дарвозабони собиқи «Ливерпул»-и Англия Брэд Ҷоунс ҳимоя кард.

Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ ягона пеналтиро собиқ ҳимоятгари «Порту» Майкон ба ҳадаф нарасонд. Ҳазорҳо нафар одамоне, ки дар Теҳрон ба кӯчаҳо баромаданд, аз пирӯзии «Персеполис» хушҳол буданд.

Дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC “Персеполис” бо ғолиби минтақаи Шарқии мусобиқа, ки ҳанӯз муайян нашудааст (бозиҳо аз ноябр то декабр баргузор мешаванд), вомехӯрад. Бозии ниҳоӣ 19-уми декабри соли равон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, дар чорякфинал “Персеполис” бар “Пахтакор”-и Тошканд бо ҳисоби 2: 0 ғолиб омада буд.

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё

1/2 финал

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Персеполис» (Эрон) – 1: 1 (1: 1, 0: 0, 0: 0). Пеналтӣ – 3: 5

Голҳо: Ҳамдуллоҳ, 36 (1: 0). Абдӣ Қара, 42 (1: 1).

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.