Пеш аз нашри гузориши пайдоиши COVID-19 Чин ИМА-ро интиқод кард

Дар остонаи нашри гузорише, ки дар он дар бораи решаҳои эҳтимолии пайдо шудани вируси COVID-19 тафсилот дода шудааст, Чин  ИМА-ро дар олуда ба сиёсат кардани ин мавзӯъ интиқод кард. Фу Кон, сардори раёсати назорати силоҳҳо дар Вазорати хориҷаи Чин дар як нишасти хабарии 25-уми август гуфт, ки агар ИМА бихоҳад, ки “беасос” ба Чин ҳамла кунад, пас бояд ба аксуламал омода шавад.

Ҷо Байден, президенти ИМА моҳи май амр дода буд, ки гузориши иктишофие дар бораи заминаҳои пайдоиши коронавируси навъи COVID-19 барпо шавад, то, ба гуфтааш, фарзияҳои мухталифе, ки мечархад, аз байн бурда шавад. Яке из ин фарзияҳо, ки бештар аз дигарҳо паҳн шудааст, ин аст, ки COVID-19 сохташуда дар озмоишгоҳи Чин мебошад. Байден нусхаи гузориши иктишофиро дарёфт кард. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед ба матбуот гуфт, ки як шакли мухтасари ин гузориш  дастраси ҷомеа хоҳад шуд. Қаблан мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки интизор надоранд, ки ин гузориш дар баҳсҳои атрофи решаи пайдоиши COVID-19 нуқта гузошта тавонад. Чин гуфтааст, ки аз озмоишгоҳе дар қаламрави ин кишвар берун шудани вирус ғайриимкон аст ва, баръакс, ин вирус аз дохили лабораторияи низомие дар Мериланди Амрико берун шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.