Пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии Қирғизистон то 15 ноябр идома мекунад

Абдуҷаббор Бекматов, муовини раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон дар бораи интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ изҳори назар кард.

Вай гуфт, қонунгузорӣ талаб мекунад, ки дар сурати пеш аз муҳлат қатъ шудани ваколатҳои президент, порлумон вазифадор аст, интихоботи пеш аз муҳлати президентиро дар давоми як ҳафта эълом кунад. Аммо ба далели он ки порлумон чунин накард, интихобот бидуни дахолати порлумон эъломшуда ба ҳисоб меравад.

“КМИР мебоист дар давоми ду рӯз санаи дақиқи интихоботро эълом мекард. Дар асоси ҳамин муқаррарот, КМИР 24 октябр интихоботи президентиро 10 январи соли 2021 эълом крад. То 15 ноябр пешбарии номзадҳо ба мақоми президентӣ идома мекунад. Номзадҳоро ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон пешбарӣ мекунанд. То ҳол касе аз пешбарии номзади худ хабар надодааст”, – гуфт Бекматов.

Вай гуфт, КМИР то 7 декабр қабули ҳуҷҷатҳои номзадҳоро идома медиҳад. Ба ҷуз ин, номзадҳо бояд на камтар аз 30 ҳазор имзо ба ҷонибдорӣ аз пешбарии худ ҷамъ оваранд.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти пешини Қирғизистон аз мақоми худ 15 октябр истеъфо дод ва порлумони он кишвар рӯзи 16 октябр истеъфои президентро тасдиқ кард.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.