Пешбинии ҳавои чанголуд дар Тоҷикистон

Ҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ мекунанд, ки чанд рӯзи оянда дар саросари Тоҷикистон  ҳаво тағйирёбанда омехта бо бору чангбод мешавад ва дар бархе манотиқ туман мефарояд. Пешбинӣ шудааст, ки аз 27 то 29-уми сентябр  дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи марказ ҳаво чанголуд мешавад. Бинобар ин аз сокинон хоста мешавад, ки аз гаштугузори рӯзона, бахусус дар роҳҳои мошингузар худдорӣ кунанд, зеро ба саломатиашон зарар мерасонад. Инчунин ҳангоми иҷрои корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва зимни сафар бояд эҳтиёт намоянд. Ин гуна ҳаво махсусан ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомиладор ва одамони гирифтори бемориҳои роҳи нафасу дил таъсир мерасонад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.