Пешгӯии ҳавои сербориш дар Тоҷикистон

Ду рӯзи оянда ҳаво дар Тоҷикистон сард гашта, борони пуршиддат ва барф дар назар дошта шудааст. Ҳавошиносон ин ҳолатро ба “воридшавии анбуҳи ҳавои сарду намнок” ба кишвар марбут  медонанд. Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми марти соли равон дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва доманакӯҳии вилояти Суғд ба амал омадани боришоти пуршиддат дар назар аст. Аз 12 то 15-уми март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ вилояти Бадахшон фаромадани тарма ва омадани сел аз эҳтимол дур нест. Гуфта мешавад, ки рӯзҳои мазкур дар дарёҳои Қизилсӯ ва Ёхсу баландшавии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.