Пешниҳоди Олмону Фаронса ба Иттиҳоди Аврупо дар бораи қазияи Навалний

Олмону Фаронса дар як эъломия ба Иттиҳоди Аврупо пешниҳод карданд, шахсонеро, ки дар заҳролуд кардани Алексей Навалний, мухолифи сиёсии Кремлин, даст доранд, таҳрим кунад. Навалний ҳоло дар Олмон ба сар мебарад ва вазъи саломатиаш рӯ ба беҳбуд аст. Ӯ дар моҳи августи имсол тавассути маводи кимиёвии навъи “Новичок” заҳролуд шуда буд. Кремлин даст доштани худро дар ин қазия рад мекунад, вале бар рағми фишорҳои байнулмилалӣ мухолифи таҳқиқоти ҷиноӣ дар ин маврид аст. Вазири корҳои хориҷии Олмон дар нишасти рӯзи 7-уми октябр дар порлумон гуфт, Маскав бояд аз мухолифат даст бикашад. Вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, Лондон дар ин масъала бо Парижу Берлин ҳамфикр аст, вале Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, гуфт, матну лаҳни эъломияи Олмону Фаронса қобили пазириш нест.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.