Пешниҳоди ташхиси тиббии муҳоҷирон дар Русия

Ҳукумати Русия пешниҳод дорад, шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин кишвар бе виза ворид шуда, беш аз 90 рӯз мемонанд, аз  ташхиси тиббӣ ва сабти биометрӣ гузаранд.  Тарҳи қонун дар ин замина дирӯз ба Думаи давлатӣ ворид шудааст. Муаллифони тарҳ  бар ин  боваранд, чунин табдирҳо барои беҳтар кардани амнияти беҳдоштиву санитарӣ дар Русия ва ҳамчунин  пинҳон намондани маълумоти шахсии хориҷиёне, ки узви гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳастанд, мусоидат хоҳад кард. Ба қавли муаллифон, то 1-уми марти  соли 2020   гурӯҳи хориҷиёне, ки бидуни виза ба  Русия ворид шудаву беш аз 3 моҳ дар он ҷо мондаанд, 2,5 миллион нафар ҳисоб шудааст. Ташхиси ҳатмии тиббӣ ва сабти биометрӣ ба  ноболиғону афроди бознишаста дахл нахоҳад дошт.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.