Пешниҳоди вакилони тоҷик: се сол ҳабс барои талоқ тариқи телефон

Дар робита ба ҷилавгирӣ намудан аз пошхӯрии оилаҳо, вакилони тоҷик пешниҳоди ҷадидро пиёда намуданд. Вакилон тарҳеро омода намудаанд, ки барои талоқи телефонӣ ҳабс татбиқ шавад. Онҳо хостори онанд, ки ҳамсарон барои талоқ додани занҳои худ тариқи телефон бояд аз 3то 5 сол равонаи зиндон шаванд.

Дар Тоҷикистон ҳарчанд талоқ додани ҳамсар тавассути телефон манъ аст, вале чунин ҳолатҳо зиёд рух медиҳанд.

Ба иттилои Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси Намояндагон, соли гузашта дар кишвар 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт шудааст. Ин рақам ду сол пеш ба 10 ҳазор маврид баробар буд.

Қаблан Шӯрои уламои Тоҷикистон низ дар посух ба суоли як корбар роиҷ набудани талоқи телефониро таъкид намуд.

Ин ниҳоди динии кишвар  гуфт, дар маросими никоҳ шарт аст, ки арӯсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд.

Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, талоқ додан тариқи телефон низ эътибор надорад.

Манбаъ: Sputnik-tj.com

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.