Pfizer ва BioNTech эмкунии кӯдаконро зидди COVID-19 амн дарёфтаанд

Ширкатҳои воксинасози амрикоиву олмонии Pfizer ва BioNTech ба Оҷонсии ғизову дорувори ИМА натиҷаҳои аввалияи як таҳқиқоти худро пешкаш намуданд, ки мегӯяд, воксинаи сохтаи ин ду ширкат алайҳи COVID-19 барои  кӯдакон амну бехатар мебошад. Озмоиши онҳо дар миёни кӯдакони 5 то 11-сола анҷом шудааст ва ин таҳқиқот амн будани воксинаро собит кардааст. Дар ИМА ҳоло ҳақи воксингирӣ барои афроди аз 12-сола боло фароҳам шудааст. Ин ду ширкати дорусозӣ гуфтаанд, ки дар ҳафтаҳои наздик аз мақомоти дахлдори амрикоӣ дархост мекунанд, то ба таври оҷил эмкунии кӯдаконро  иҷоза диҳанд. Айни чунин аризаро ин ширкатҳо мехоҳанд ба мақомоти аврупоӣ ҳам ирсол кунанд. Мутахассисон мегӯянд, эм кардани кӯдакон метавонад амнияти сокинони сайёраро дар баробари коронавирус тақвият диҳад. Яке аз мушоҳидаҳои табибон ин аст, ки ҳарчанд аксар кӯдакони олудашуда ба COVID-19 ин бемориро сабук пуштисар мекунанд, айни замон паҳнкунандаи фаъоли вирус мебошанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.