Пирӯзии ҳомии ҳуқуқи узбек дар баҳси додгоҳӣ бо ҳукумат

Додгоҳе дар Узбекистон ҳукумати ин кишварро вазифадор кард, ки ба ҳомии ҳуқуқ Чуян Мамадқулов барои ғайриқонунӣ нигаҳ доштан дар зиндон ҷуброн пардозад.

Мамадқулов хабар дод, ки додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбекистон 9 октябр қарор кард, ки ҳукумат ба ӯ бояд 60 миллион сӯм (5800 долла) ҷуброн пардозад.

Худи Мамадқулов, ки 500 миллион сӯм (48 300 доллар) талаб дошт, мегӯяд, аз қарори додгоҳ розӣ нест ва ният дорад, ки ба зинаи болоӣ шикоят барад.

Мамадқулови 50-сола ва ҳомии ҳуқуқи маъруфи узбек соли 2005 президенти вақти Узбекистон Ислом Каримовро ба додгоҳ кашида, вайро дар нақзи ҳуқуқи хидматчиёни ҳарбӣ айбдор кард.

Ӯро соли 2012 боздошт ва бо гумони қаллобӣ, додани баёноти дуруғ ва одамрабоӣ 10 сол зиндонӣ карданд. Худи Мамадқулов ва ҷонибдоронаш ин айбҳоро рад мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ вайро маҳбуси сиёсӣ номиданд.

Мамадқулов соли 2018 аз зиндон озод шуда, додгоҳ моҳи марти имсол вайро бар асоси ҳамаи бандҳо сафед кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.