Пирӯзии эҳтимолии ду муттафиқи Навалний дар интихоботи Томск

Ба эҳтимоли ғолиб дар интихоботи ахири маҳаллӣ дар шаҳри сибирии Томск ду муттафиқи Алексей Навалний, як раҳбари мухолифони Русия баранда шудаанд. Натиҷаҳои пешакии интихобот, ки рӯзи 14-уми сентябр нашр шуданд, дар бораи пирӯзии номзадҳои ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” гувоҳӣ медиҳанд. Ксения Фадеева ва Андрей Фатеев дар ду ҳавзаи интихоботии шаҳри Томск, ки Навалний моҳи гузашта  он ҷо бемор шуд, зоҳиран ғалаба кардаанд. Рӯзи 14-уми сентябр ҳукумати Олмон гуфт, ки бо “Новичок” заҳролуд шудани Алексей Навалнийро боз ду озмоишгоҳи мустақили аврупоӣ тасдиқ карданд. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии нашршуда дар Томск, аксари барандаҳо аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” ҳастанд. Бар асоси гузоришҳои дигар, дар шаҳри сибрии Новосибирск раиси як тими маҳаллии Навалний – Сергей Бойко ҳам барандаи интихоботи маҷлиси шаҳрӣ шудааст. Овоздиҳӣ дар ин ҷо 11-13-уми сентябр барпо шуд. Дар ҳоле, ки интихоботи маҳаллиро барои ҳизби ҳоким як имтиҳон меноманд, тими Навалний бо як стратегияи наву ғайрианъанавии таблиғоти интихоботӣ дар овоздиҳӣ иштирок кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.