Пирӯзии сотсиал-демократҳо ва шурӯи муколамаи таъсиси ҳукумати эхтилофӣ

Дар интихоботи рӯзи 26-уми сентябри Олмон SPD  ё Ҳизби сотсиал-демократ аз ҳизби ҳокими Ангела Меркел пеш гузашт. Бар асоси  натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Олмон, ки  27-уми сентябр нашр шуд,  ҳамакнун сотсиал-демократҳои ғолиб  ва ҳам иттиҳоди ҳизбҳои росту марказгарои зери назари Меркел (Иттиҳоди масеҳиёну демократҳои Олмон ва Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиёни Бавария) иддао карданд, ки ҳақ доранд ҳукумати баъдиро ташкил кунанд. Тафовути миёни овозҳои бурдаи онҳо калон нест. То замони ташкил шудани ҳукумати нави  Олмон садри аъзам Ангела Меркел иҷрои вазифаашро идома медиҳад. Ба эҳтимоли зиёд, ҳукумати баъдии Олмон иборат аз се нирӯ, бо шумули ҳомиёни муҳити зист ва “Демократҳои озод” хоҳад шуд.

Бар асоси натиҷаҳои пешакии нашршуда аз ҷониби Комиссиюни федеролии интихоботҳо, SPD 25,7 дарсади овозҳоро ба даст овардааст ва яке аз раҳбарони он Олаф  Шолтс шонси дастёбӣ ба курсии садри аъзами баъдии Олмонро дорад.  Ӯ гуфт, ки ҳизбаш дар фикри эҷоди як ҳукумати “коромаду хубе” хоҳад шуд. Ангела Меркел баъди 16 соли кор дар мақоми раҳбари ҳукумати Олмон аз сиёсат канор меравад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.