Писари Никита Хрушев дар ИМА даргузашт

Писари Никита Хрушев, собиқ котиби аввали ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Хрушев дар синни 85-солагӣ дар ИМА даргузашт. Радио Свобода бо такя ба абераи Хрушев мегӯяд, Сергей Хрушев дар донишгоҳи бонуфузи Брауни ИМА дарс медод. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи энергетикии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар замони зиндагиаш дар ватан дар коркарди мушакҳои баллистикӣ ва соҳаи кайҳоннавардӣ кор кардааст.  Баъди соли 1991 ба Род Айленди Амрико кӯчида дар бораи падараш се ҷилд китоб нашр кард. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.