ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН ХУРРАМ ГАРДОНИДА МЕШАВАД. Дар ин бора 10 сентябр қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 11.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 сентябри соли ҷорӣ  нақшаи чорабиниҳо  оид ба шинонидани ниҳоли  дарахту буттаҳо,  гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020  тасдиқ  гардид. Дар қарори мазкур омадааст, ки  корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар  атрофи бинои   худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту  буттаҳо,  гулҳои мавсимӣ ва  бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»   хабар доданд,  ин иқдом бо  мақсади  ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва  майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт   ба роҳ монда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе  раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдори шаҳрро  вазифадор намуд, ки   баҳри сари вақт иҷро намудани  чорабиниҳои  мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида,  корҳои ободониву сабзазоркуниро   бо сифати баланд  ва мутобиқ  ба замони  муосир  анҷом  диҳанд.

Хотиррасон менамоем, ки  соли равон  як зумра  корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва сабзазоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, то моҳи июли соли равон,  дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот ба миқдори 113,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо ва 9,5 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола ва дар майдони 166,9 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд, ки аз нақшаи пешбинигардида ба маротиб зиёд мебошад. Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба миқдори 7218 бех дарахтони ороишию сояафкану  буттагӣ аз хориҷи  мамлакат  ворид карда шуд ва дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар шаҳри Душанбе ҳамасола ҷиҳати вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла,  бо мақсади вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ  тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо- «Сайри гули лола» баргузор карда шуд.

Бояд илова намуд, ки  вобаста ба парвариши гули лола корҳои   омодагӣ    ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2018 дар боғу  гулгаштҳо   ва    кӯчаю   хиёбонҳои   шаҳри Душанбе  ба роҳ монда   шуда, аз тарафи  мутахассисони  соҳа дар мавзеъҳои  алоҳида дизайн ва  композитсияҳои  гуногуни   гулҳои  мавсимӣ, бахусус бо гули лола   тасвиргардида роҳандозӣ гардид.

Дар маҷмӯъ, шумораи  умумии   гулҳои  лола   беш аз якуним миллион ададро  ташкил   дод, ки аз ин теъдод аз тарафи  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Душанбе ба миқдори 300 000 дона тухми пиёзаки гули лола дар ҳудуди боғҳои фарҳангу  фароғатии шаҳр  шинонида  шуда буд.

Инчунин аз тарафи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», тибқи  нақшаи мувофиқашуда дар Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва  истифодабарии иншоот» («Боғи Устод Рӯдакӣ»), хиёбони  Рӯдакӣ, кӯчаи Ҷ.Икромӣ ва мавзеи пасманзари Муҷассамаи Исмоили  Сомонӣ   бо тарзи   композитсияҳои   гуногун ба миқдори 475 000 дона ва аз тарафи раёсатҳои истифодаи  роҳҳои ноҳияҳои   шаҳр дар кӯчаю  хиёбонҳо ба миқдори 675 010 дона пиёзаки гули лола  шинонида  шуда буданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.