Покистон ҳукми марги беморони рӯҳиро бекор кард

Додгоҳи олии Покистон ҳукми марги ду зиндонии дучори бемории рӯҳиро, ки давоми даҳсолаҳо дар утоқи маҳкумшудаҳо ба ҳукми марг нигаҳдорӣ мешуданд, бекор кард ва ин қарор мавриди истиқболи фаъолони ҳуқуқ гардид. Додрасҳо дар ҳукми 10-уми феврали худ аз мақомот дархост карданд, дар қонунгузории марбута ислоҳ ворид кунанд ва ҳукми марг барои беморони рӯҳиро дар машварат бо тими тиббӣ тағйир бидиҳанд. Алӣ Ҳайдар Ҳабиб, сухангӯи Барномаи “Адолати Покистон” изҳори умедворӣ кард, ки қарори мазкур барои додрасҳои додгоҳҳои дигар ҳамчун намунаи ибрат хидмат мекунад ва дар мавридҳои содир кардани ҳукм нисбати беморони рӯҳӣ аз ҳукми марг худдорӣ мекунанд.

Покистон соли 2008 Эъломияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи зиндониҳои дорои маъюбиятро имзо кард, ки иҷрои ҳукми марги зиндониҳои рӯҳан беморро манъ мекунад. Бар асосии иттилои Барномаи “Адолати Покистон”, аз он замон то имрӯз як ҳолати иҷрои ҳукми марги чунин зиндонӣ дар соли 2015 иҷро шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.